Душанбе, Тоҷикистон, 3 декабри соли 2018 – Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт дар якҷоягӣ бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва дигар намояндагони расмии баландпоя дар чорабинии бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ВНМО-2018 бо мақсади баланд бурдани сатҳи огоҳии мардум аз ВНМО дар Тоҷикистон ва ҷаҳон иштирок намуд. Лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМО дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Нақшаи фавқулодаи Президенти ИМА барои кӯмак дар мубориза бо ВНМО (PEPFAR) сармоягузорӣ шудааст, бо барномаҳои миллии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ барои ташкил кардани чорабиниҳои ҳаммонанд дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Рӯдакӣ ва Ҳисор ҳамкории наздик намуд, ки дар онҳо маълумот дар бораи ВНМО, викторинаҳо, мусобиқоти ҳунарӣ ва намоишҳои ҳунармандон пешниҳод гардиданд.
Паҳншавии ВНМО ҳамчун мушкилии ҷиддии саломатии аҳолӣ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВНМО дар Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли 2018 ба таври расмӣ 10675 нафар бо ин вирус сироятшуда зиндагӣ мекунанд. Баланд бурдани сатҳи огоҳии мардум ва пайваст кардани онҳо ба хадамоти пешгирӣ ва мувозибат аз ин беморӣ хеле муҳим аст.
Ҳар сол, рӯзи 1 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ВНМО бо мақсади афзоиши огоҳии мардум аз ин беморӣ, таъкиди кӯшишҳои анҷомгирифта барои пешгирии паҳншавии он, дастгирии шахсони дучор ба хатари бемории ВНМО ва онҳое, ки бо ин вирус зиндагӣ мекунанд, инчунин таъмини дармони саривақтии зиддиретровирусӣ баргузор мегардад.
Лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМО дар Осиёи Марказӣ барои дастёбӣ ба аҳолии калидӣ (онҳое, ки маводи мухадирро бо сӯзандору истифода мекунанд ва шарикони ҳамхобаи беморони ВНМО ҳастанд) аз усулҳои навоварона истифода мекунад, ки ин усулҳо барои дар сатҳи ҷамоатҳо муайян кардани мавридҳои нави сироятшудагон бо ёрии озмоиши сареи ВНМО, пайваст кардани одамони дорои ВНМО ба дармонгоҳҳо ва дастгирии байниҳамдигарии онҳое, ки дармон мегиранд, кумак мекунанд. Барномаи PEPFAR дар Тоҷикистон ба “Стратегияи ҷаҳонии 90-90-90”-и СММ оид ба ВНМО саҳмгузорӣ мекунад: то соли 2020 90% одамоне, ки бо вируси ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар бораи вазъи саломатии худ огоҳӣ меёбанд; 90% ҳамаи онҳое, ки бо ВНМО ташхис шудаанд, дармони зиддиретровирусии устувор мегиранд; ва дар организми 90% ҳамаи онҳое, ки дармони зиддиретровирусӣ мегиранд, инкишофи вирус боздошта мешавад. Имсол PEPFAR 15-солагии мубориза бо бӯҳрони ВНМО дар саросари ҷаҳонро қайд мекунад ва ҳамасола, тахминан 15 миллион доллари ИМА-ро ба Осиёи Марказӣ ҷудо менамояд, ки 30 фоизи он ба барномаҳои пешгирӣ ва дармони ВНМО дар Тоҷикистон равона карда мешавад.