Сафорати ИМА посгоҳи марзии Чалдовар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёд мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 15-уми декабри соли 2020 – Сафорати ИМА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони миллали муттахид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) бо ифтихор аз оғози лоиҳаи нав оиди баркарорсозӣ ва азнавсозии посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар ноҳияи Шахритус, дар хатти сарҳадии Тоҷикистону Афгонистон хабар медиҳад. Ин лоиҳа тавассути Бюрои департаменти давлатии ИМА оиди мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ки барқорорсозии иншооти посгоҳи сарҳадиро дар Чалдовари Вилояти Хатлон дар назар дорад. Арзиши лоиҳа 995 000 доллар буда, сохтмони он 12 моҳ давом медиҳад.

Сафорати ИМА ин лоиҳаи посгоҳи сарҳадии Чалдоварро бо Қушунҳои сарҳадии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг кардааст. Пас аз ба итмом расидани лоиҳа, посгоҳи Чалдовар метавонад 40 марзбонро ҷойгир кунад, аз ҷумла ҷой барои таҷҳизоти техникӣ ва ҷой барои гузаронидани омӯзишҳои касбӣ дар як иншооти муосири муҷаҳҳаз муҳайё мекунад, ки амнияти сарҳадӣ ва мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод.

Аз соли 2002, ҳукумати ИМА таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳ посгоҳи марзбонӣ ва се иншооти омӯзиширо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Сафир Ҷон Марк Поммершейм ҳангоми эълони оғозшавии лоиҳаи Чалдовар чунин қайд намуд, «Дастгирии доимии мо ба марзбонони Тоҷикистон амният, субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳимро мебозад ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ шарики устувори Тоҷикистон боқӣ мемонад.”

Сафорати ИМА қаблан бо UNODC оиди мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон таваасути лоиҳаҳои барқороркунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, сохтмони идораи робитаҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ишкошим, гузарондани омузишҳо барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва як қатор лоиҳаҳои дигар ҳамкорӣ кардаанд.