Душанбе, Тоҷикистон, 1 декабри соли 2020 — Иёлоти Муттаҳида бо нишони дастгирии шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ва ба он гирифторанд ва ёди онҳоеро, ки ҷони худро аз ин бемори аз даст додаанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ ҳамроҳ мегардад. Мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ-и Ҳукумати ИМА дар соли 2020 ин “Хотима додан ба эпидемияи ВНМО/БПНМ: устуворӣ ва таъсир” мебошад. Ин мавзӯъ, ӯҳдадории қавии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро барои хотима додан ба эпидемияи ВНМО\БПНМО дар саросари ҷаҳон ва инчунин таҳкими иқтидор ва устувории ҷомеаҳо ва системаҳои тандурустӣ, барои ҳалли мушкилоти дигари тандурустиро инъикос менамояд.
Имсол соли 17-уми ҳамкории Ҳукумати ИМА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вокуниш ба эпидемияи ВНМО\БПНМ мебошад. Дар ин муддат, Нақшаи фавқулоддаи Президенти Иёлоти Муттаҳида зидди БПНМ (PEPFAR) барои назорат ва дар ниҳоят хотима додан ба эпидемияи ВНМО бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ намудааст. Ин сармоягузориҳо хидматрасонии системаи тандурустиро тақвият бахшида, нақши ташкилотҳои ҷамъиятиро дар пешгирӣ, нигоҳубин ва табобати ВНМО баланд бардоштанд. Натиҷаи он системаест, ки расонидани хизматрасониҳои муассир, устувор ва фавриро дар дохили муассисаҳои тандурустӣ таъмин намуда, дастгирии хизматрасониҳои тандурустии минбаъдаро бо иштироки ҷомеа идома медиҳад.
Имрӯз, дар Тоҷикистон тақрибан 13000 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошанд, ки ин ба ҳар 100000 нафар аҳолии аз 15-сола боло 222 нафар рост меояд. Дар Осиёи Марказӣ, эпидемияи ВНМО ба таври номутаносиб ба аҳолии калидӣ ва осебпазир, аз ҷумла шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, мардони ҳамҷинсгаро ва нашъамандони тазриқӣ, таъсир мерасонад.
Дар аввали моҳи январи соли 2020, 62% калонсолони ба ВНМО сироятёфта (аз 15-сола боло) натиҷаи ташхиси худро медонистанд; аз онҳо, 83% ба табобати зиддиретровирусии наҷотбахш фаро гирифта шуда буданд; ва дар байни онҳое, ки дар табобат буданд, 80% сарбории вирусии паст ё номуайян дошотанд, ки он маънои коҳиш ёфтани хавфи сироятёбии дигаронро дорад.
Имсол, инчунин раванди ноил шудан ба ҳадафҳои 90-90-90-и Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО\БПНМ (ЮНЭЙДС) ба итмом расида, он ба ҳадафҳои нави 95-95-95, ки то соли 2030 ноил шудан ба он нақшагузорӣ шудааст, иваз карда мешаванд: ташхис намудани 95% шахсони ба ВНМО зиндагикунанда, фаро гирифтани 95% шахсони ташхисшуда бо табобати зиддиретровирусӣ ва ноил шудан ба пастшавии сарбории вирусӣ дар 95% онҳое, ки дар табобат қарор доранд. Дар ин рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ, Сафорати ИМА ӯҳдадориҳои худро бо Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба ин ҳадафҳои баланд ва расидан ба назорати эпидемия, бори дигар эътироф менамояд.
Дарсе, ки тавассути вокуниши ҳамаҷониба бар зидди ВНМО азхуд карда шудааст, ба мо дар шароити ҳама гуна таҳдидҳою вокунишҳо ба саломатӣ, муҳимияти тақсими масъулият, тавонмандӣ ва ҷалби ҷомеа; решакан кардани доғи табъиз, ғамхорӣ дар бораи аҳолии дар канор мондашударо меомӯзонад. Дар заминаи COVID-19, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо PEPFAR тавонистааст аз системаҳои тандурустии PEPFAR ва шарикони ҷомеа барои мутобиқшавӣ, дастрасӣ ва нигоҳдории хидматҳо барои шахсони гирифтори ВНМО истифода барад.
PEPFAR вокуниши Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба эпидемияи глобалии ВНМО\БПНМ мебошад, ки ифодакунандаи бузургтарин ӯҳдадориҳои ҳар миллатро барои мубориза бо бемории ягона дар таърих мебошад. Дар Осиёи Марказӣ, PEPFAR ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки барои таъмини тамоми шахсони гирифтори ВНМО барои донистани ташхиси худ ва фаро гирифтани онҳо ба табобати наҷотбахш барномаҳоро амалӣ мекунанд, кӯмаки молиявӣ ва техникӣ мерасонад. Барои маълумоти иловагӣ, лутфан аз сомонаи www.pepfar.gov боздид кунед ва PEPFAR-ро дар Twitter, Facebook ва Instagram пайгирӣ намоед.
###
Барои пурсиши ВАО, лутфан бо Бақытгул Журкабаева ба дафтари ҳамоҳангсозии PEPFAR бо рақамҳои +7 (727) 250 76 12; 8 701 720 58 11; почтаи электронӣ: zhurkabayevab@state.gov дар тамос шавед.