ХАЗИНАИ САФИРОН ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ДАР СОЛИ 2018

Душанбе, Тоҷикистон, 9 ноябри соли 2017 – Сафорати  Иёлоти Муттаҳида бо камоли мамнуният озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ барои соли 2018 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ  ва таърихӣ, арзёбӣ  ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои  осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани  мавзеҳои  муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ  намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд.

Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва зоҳир намудани  эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 16 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 600 000 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

Барои гирифтани маълумоти муффасал, лутфан, аз сомонаи https://tj.usembassy.gov/embassy/dushanbe/grant-programs/ambassadors-fund-program/ истифода баред.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 15 декабри  соли 2017 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супурда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Пешниҳоди  ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст.