Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2019, барномаи грантҳои хурд

Душанбе, Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2018 – Сафорати Иёлоти Муттаҳида бо камоли мамнуният озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ барои соли 2019 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал консепсияи лоиҳаро дар ду саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби консепсияҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд. ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани технологияи ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд.

Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва изҳор намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 17 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 619,658 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

Барои гирифтани маълумоти муффасал, лутфан, аз сомонаи https://goo.gl/h7ChY1 истифода баред.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 26 ноябри соли 2018 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супоридашуда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст.