Душанбе, Тоҷикистон, 26 ноябри соли 2019 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ду лоиҳаи нав расман ҳусни оғоз бахшид. Лоиҳаи панҷсола оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) -гранте, ки ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дода шудааст ва лоиҳаи USAID ҷиҳати беҳтар кардани пешгирӣ, ошкор ва табобати бемории сил дар Осиёи Марказӣ. Ҳарду лоиҳа қисме аз барномаи минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фаъолиятҳои калидиро марбут ба Тоҷикистон дар бар мегиранд.
Ҳадафи асосии ҳарду лоиҳа афзоиши минбаъдаи ошкорсозӣ ва беҳтар кардани натиҷаҳои табобати бемории сили ба дору устувор ва таҳкими муҳити мусоид ва устувории молиявии барномаҳои сил ва бемории сили ба дору устувор мебошад. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, директори намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардз ва намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Галина Перфилева дар маросими ифтитоҳ иштирок карданд. Намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ, мансабдорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ низ дар чорабинӣ ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳ USAID ба Вазорати тандурустӣ реагентҳои лабораторӣ ва лавозимотро барои ташхиси саривақтии бемории сил ба дору устувор, ки ба маблағи $250,000 харидорӣ ҳудааст, тақдим намуд. Бо буҷаи умумӣ ба маблағи 31,6 миллион доллар ИМА барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, лоиҳаи ETICA барои устуворона баланд бардоштани сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо ҷиҳати табобати бемории сили ба дору устувор, тавассути баланд бардоштани иқтидори Барномаҳои миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил оид ба ташхис, табобат, маблағгузорӣ ва системаҳои иттилоотии бемории сил дарТоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад кард. Дар ҷараёни чорабинии мазкур Директори миссияи USAID дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт: “Ҳукумати ИМА ӯҳдадор аст, ки ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расонидани иттилоот ба ҳар як шахс дар бораи бемории сил, табобати шахсони эҳтиёҷманд ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ дастгирии худро пешниҳод намояд.”
USAID – Агентии пешбари байналмилалӣ оид ба рушд ва яке аз фаъолони таккондиҳанда мебошад, ки барои расидан ба натиҷаҳои рушд кумак мерасонад. USAID ба амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодӣ мусоидат намуда, ғамхории мардуми Амрикоро нишон медиҳад ва роҳи худтаъминкунӣ ва устувориро тахким мебахшад. Кӯмаки USAID дар Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна маблағи 30 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифта, тақрибан 30 фоизи он ба соҳаи тандурустӣ равона карда мешавад.
