Душанбе, Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2018 – Роҳбари бахши минтақавии хадамоти амниятии сафорати ИМА дар Чумҳурии Точикистонт ҷаноби Бери Улрич кормандони Вазорати Корҳои Дохилии Чумҳурии Точикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қазоқистонро, ки бо ҳамроҳии ваколатдори махсус ҷаноби Адриан Йорк барои иштирок ба омӯзиш дар мавзуи «Террористони зархариди хориҷӣ: муаяннамоӣ ва тафтишот» ба шаҳри Душанбе омада буданд, бо хатми омузиши мазкур табрик намуд. Дар нутқи худ ҷаноби Улрич қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои аълои худро бо Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, умедвори ҳамкории давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст.
Афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкори ва равобити муштаракро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тарафайн густариш дода, аз таҷрибаи якдигар оид ба муаяннамоӣ, тафтишот ва пайгирии террористони зархариди хориҷӣ дар минтақа бархурдор гардиданд.
Чаноби Улрич изҳор намуд: «Дар замони муосир вазъи бехатари ва амният зудтагиребанда аст ва хамаи моро мебояд, ки касбияти баландро доро бошем, то ин ки сари вакт аксуламаламонро нисбати ин хатарҳо нишон дихем. Меҳмонон ва шаҳрвандони Точикистон дар радифи давлатҳои дигари муосир ҳамаи он хатарҳоеро, ки аз чониби созмонҳову гуруҳҳои террористи бармеояд, эҳсос менамоянд ва умедворанд, ки Шумо бехатариву суботи онҳоро таъмин хоҳед намуд. Ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт натанҳо имконоти стратегии Ҳукуматиро тақвият мебахшад, балки барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон низ хеле муҳим мебошад».
Омузиш дар мавзуи «Террористони зархариди хориҷӣ: муаяннамои ва тафтишот» сеюмин курси омузиши дар соли 2018 мебошад, ки он дар доираи барномаи Ҳамкори ба муборизаи зидди терроризм (АТА) ба роҳ монда шуда, аз ҷониби бахши минтақавии хадамоти амниятии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шудааст. Аз соли 2001 то инҷониб беш аз 500 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар омӯзишҳое ширкат варзиданд, ки аз ҷониби барномаи Ҳамкори ба муборизаи зидди терроризм (АТА) бо ҳисоби беш аз 7 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Ин барномаҳои омузишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир гардидаанд.
Дафтари барномаи Ҳамкори ба муборизаи зидди терроризм (АТА) соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст. Он механизми асосии ҳукумати ИМА барои таъминнамоии барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамкори ИМА мебошад, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд.