Даҳумин форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ бо мизбонии USAID ба сурати виртуалӣ баргузор мешавад

Душанбе, Тоҷикистон, 16 ноябри 2020 – Имрӯз Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) даҳумин Форуми тиҷоратии Осиёи марказӣ ба унвони як рӯйдоди байналмилалӣ, ки ба пешбурди тиҷорат ва ҳамкориҳо дар саросари Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он мусоидат мекунад, оғоз намуд. Ин рӯйдоди виртуалии панҷрӯза 100 суханрон ва 4000 ширкаткунандаи сабтшуда ба намояндагӣ аз 39 кишвар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Афғонистон, Гурҷистон, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Латвия, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.

Мавзуи имсолаи форум “Осиёи Марказӣ – рушд ва шукуфоӣ” равандҳо ва вокунишҳои навро дар Осиёи Марказӣ дар замони барқарорсозии иқтисодии пас аз COVID-19 мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ин руйдоди виртуалӣ, ки дар платформаҳои гуногун, аз ҷумла Zoom, Facebook Live ва Youtube дастрас аст, коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, навоварон ва бозаргонону соҳибкорони пӯёро барои эҷоди иртибототи барои тақвияти тиҷорати Осиёи Марказӣ муҳим гирди ҳам меоварад.

Ширкаткунандагон метавонанд ба ҷаласаҳои мустақими онлайн пайваст шаванд ва дар мавриди роҳҳои мутобиқ шудани занҷираҳои таъминоти минтақавӣ дар шароити COVID-19, барқарорсозии соҳаи сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди бозори нерӯи барқи минтақавӣ, чолишҳо ва имкониятҳои тиҷорати электронии минтақавӣ, соҳибкории минтақавии занон, созмон додани ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ ва мавзуъҳои дигар баҳсу мунозира кунанд.

Ба ғайр аз ин, ҳангоми форум музокироти онлайнии беш аз 20 истеҳсолкунандаи маҳсулоти мева ва сабзавот аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ва шарикони билқувва аз саросари минтақа ва фаротар аз он дар чаҳорчӯби ритайл-форуми виртуалии “Ҷаҳони тиҷорат” баргузор хоҳанд шуд.

Дар суханронии муқаддамотии худ Сафири ИМА дар Қазоқистон Уилям Х. Мозер чунин иброз дошт: “Даҳ сол пеш идеяи ин Форуми тиҷоратӣ аз эътимод ба он пайдо шуда буд, ки густариши ҳамкории тиҷоратӣ метавонад ба тақвияти истиқрор, шукуфоӣ ва ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кунад. Тиҷорат ҳаргиз бенатиҷа нест. Аз баракати талошҳои муштараки мо ҳама метавонанд аз ҳамкории содиқона ва шаффоф баҳраманд шаванд”.

Ҳавийер Пиедра, дастёри роҳбари дафтари USAID дар Осиё низ ба ин форум аз Вашингтон пайваста, чунин илова кард: USAID ифтихор аз он дорад, ки ба пуштибонии худ аз чунин чорабинии муҳим идома медиҳад ва мо пойбанди уҳдадориҳои худ дар мавриди ташвиқи тиҷорат дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон аз тариқи мусоидат ба робитаҳои нави тиҷоратӣ ва тақвияти ҳамкории иҷтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА мебошем”.

Тайи даҳсолаи гузашта Форуми тиҷоратии Осиёи марказӣ беш аз 5000 ходимони давлатӣ, соҳибкорон ва пешвоёни андешаро аз зиёда аз 30 кишвар ба мақсади омӯхтани тамоюлҳои нав, мубодилаи афкор, эҷоди робитаҳо ва рушди тиҷорат ҷамъ овард. Тиҷорат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯли даҳсолаи охир беш аз ду баробар афзуда, тақрибан 6 миллиард доллари ИМА-ро дар як сол ташкил дод.

Ин форум тавассути лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва эҷоди ҷойҳои кор бо мушорикати Анҷумани тиҷоратии саёҳат, Палатаи савдои Амрико дар Ӯзбекистон, Академияи CERT, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD), Алянси ҷаҳонии занҷираи сард (GCCA), Indy Guide, Иттиҳодияи коргарони ҳамлу нақли Қазоқистон (KAZLOGISTICS), интишороти “Lonely Planet”, Созмони ҳамкорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ (OECD), Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ, маҷаллаи Wideoyster, лоиҳаи “Занон дар логистика ва ҳамлу нақл” ва намоишгоҳи World Travel Market ташкил шудааст.

###

USAID – агентии пешгоми рушди байналмилалӣ ва омили муҳими рушди устувор мебошад. Барои дарёфти иттилооти бештар ба вебсайти   USAID дар Осиёи Марказӣ https://www/usaid.gov/central-asia-regional ва саҳфаи Фейсбук https://www/facebook.com-USAID Central Asia муроҷиат намоед.