Ҳукумати ИМА лоиҳаи нави бизнеси кишоварзиро дар Тоҷикистон оғоз мекунад

Хатлон, Тоҷикистон, 14 ноябри соли 2018 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар шаҳри Бохтар лоиҳаи нави панҷсола “Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон”-ро ба таври расмӣ оғоз намуд. Намояндаи муваққатии Сафорати ИМА Кевин Коверт ва муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов бештар аз 180 иштироккунандаи маросими ифтитоҳи лоиҳа, аз ҷумла намояндагони ҳукумати Хатлон, бахши хусусӣ, тоҷирон ва соҳибкорони маҳаллиро хайра мақдам гуфтанд.

Лоиҳа, ки USAID онро сармоягузорӣ мекунад, барои тақвият бахшидан ба рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар бахши маҳсулоти ширӣ ва боғдорӣ, ҳавасмандкунӣ ба рушди иқтисодӣ, афзоиши шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани шароити зисти деҳқонон фаъолият мекунад. USAID дар ин бахшҳо дастгирии густурда ироа намуда, бо деҳқонон ва соҳибкорон барои беҳтар кардани самаранокии меҳнат тавассути пешниҳод намудани технология, таҷрибаҳои идоракунӣ ва робитаҳои бозории беҳтар ҳамкорӣ мекунад, то ин ки соҳаи кишоварзии тоҷик ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори байналмилалӣ мусобиқа карда тавонад.

Лоиҳа дар 12 ноҳияи Хатлони ҷануби ғарбӣ (Хуросон, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Кӯшониён, Вахш, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав) мутамарказ мешавад, ки дар ин ноҳияҳо фаъолиятҳои амнияти ғизои USAID аз соли 2012 тавассути барномаи ҷаҳонии ИМА оид ба коҳиши камбизоатӣ “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ташаббусе барои беҳтар кардани соҳаи кишоварзӣ ва озуқа дар саросари ҷаҳон, амал мекунанд.

Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон
бар дастовардҳои зиёди барномаи ҷомеи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” такя мекунад, то ки деҳқонон ва соҳибкорони тоҷик фаъолиятҳои бизнеси худро ба сатҳи болотаре бардоранд.