USAID мизбони нуҳумин форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ дар Шимкенt, Қазоқистон

13 ноябри соли 2019. Шимкент, Қазоқистон – Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ – рӯйдоди муҳими байналмилалӣ дар минтақа барои ширкатҳо ва содиркунандагон, дирӯз дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон ифтитоҳ шуд. Беш аз 500 раҳбар аз ҳукуматҳо, ҷомеаҳои тиҷоратӣ ва шаҳрвандии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои баррасии масоили сармоягузорӣ ва наворварӣ дар бахши боғбонии саросари минтақа гирди ҳам омаданд.  “Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пойбанди ташвиқу мусоидати тиҷорат ва сармоягузорӣ  дар минтақа аст ва аз шукуфоии рӯзафзуни мардуми Осиёи Марказӣ ҳимоят мекунад” – гуфт Уилям Н. Мозер – Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Қазоқистон.

 

Ин форум фурсатҳои мусоидеро барои муколамаи бахши давлатӣ ва хусусӣ дар мавриди роҳу равишҳо ва равандҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам мекунад. Илова бар ин, баргузоркунандагони форум, ҷаласаҳои амалии омӯзишӣ дар мавриди пешбурди содирот ва мудирияти сифат барои ширкаткунандагон баргузор мекунанд.

 

Бо ҳамкорӣ бо акимати Шимкент, Ҳукумати Амрико аз тариқи Лоиҳаи фаъолияти Рақобатпазирӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои кор дар Осиё Марказии  Оҷонси Иёлоти Муттаҳида барои рушдим байналмилалӣ (USAID) созмондиҳандаи асосии форум мебошад. Шарикони дигар, ки аз ин форум ҳимоят мекунанд, иборатанд аз Портали кишоварзии Агробиз Қазоқистон, Палатаи миллии корфармоёни Қазоқистон – АТАМАКЕН, Академияи СЕРТ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (EBRD), Барномаи рушди СММ (UNDP).  Бонки таҷдид ва рушди Аврупо  (EBRD) ва Барномаи рушди СММ (UNDP) таҷрубаи ҷаҳонии худро дар заминаи боғдории навоварона ба форуми Шимкент пешкаш мекунанд. Илова бар ин, Барномаи рушди СММ (UNDP) боғдории органикиро намоиш медиҳад, ки дар минтақа бо суръат дар ҳоли густариш аст.

 

Бо ёрӣ расондан ба ширкатҳо барои бештар рақобатразиртар шудан дар сатҳи минтақа ва бо бартараф кардани монеаҳо дар тиҷорати марзӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рушду тавсеаи бахши хусусии гуногуншаклтар ва рақобатпазиртар ва эъҷоди рушди содиротмеҳвари бештаре дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

 

####

Барои итилооти бештар дар бораи Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба ин адреси муроҷиат кунед:www.catradeforum.org. Маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ин минтақа аз замони истиқлолият ба даст оварданашон ҳамкорӣ анҷом медиҳад. Барномаҳои мо  бо ҳукуматҳо, бахши хусусӣ ва мардумони Осиёи Миёна густариши тиҷорат ва бозор, тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи энергия ва об ва ҳамчунин беҳбуди тарзи идоракунӣ ва хидматрасонии иҷтимоиро дар бар мегиранд. USAID агентии  бартари сатҳи ҷаҳонии тавсеаи байналмилалӣ  ва бозигари таҳрикунанда барои дастёбӣ ба натиҷаҳои пешрафт мебошад. USAID дар фаъолияти худ ба тақвияти амнияти миллӣ ва шукуфоии иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоидат мекунад, саховатмандии амрикоиро нишон медиҳад ва роҳи расидан ба худкифоятиро ташвиқ мекунад. Барои иттилооти бештар ба адреси https://www.usaid.gov/central-asia-regional муроҷиат кунед.