Даҳумин форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба таври онлайн баргузор мегардад

Душанбе,Тоҷикистон3юми ноябри соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мизбони даҳумин форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки ба таври маҷозӣ (виртуалӣ) баргузор мегардад. Ин руйдоди байналмилалӣ, ки ҳадаф аз он мусоидат дар рушди тиҷорати минтақавӣ мебошад, санаҳои 16-20 ноябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Мавзуи форуми имсола “Осиёи Марказӣ – рушд ва шукуфоӣ” мебошад, ки ба омӯзиши равандҳои нав ва вокунишҳои бозор дар Осиёи Марказӣ ҳангоми беҳбуди иқтисодӣ пас аз COVID-19 бахшида мешавад. Ин рӯйдоди панҷрӯза дар чандин онлайн-платформаҳо, аз ҷумла Zoom, Facebook Live ва Youtube комилан ба сурати виртуалӣ хоҳад буд ва коршиносону навоварони байналмилалӣ ва маҳаллиро дар як макон гирди ҳам меоварад. Сабти ном дар #CATF2020 ройгон аст. Барои иттилооти бештар дар бораи форум, барномаи он ва баромадкунандагон ба сомонаи www.tradeforume.org ворид шавед.

Ширкаткунандагони форум метавонанд ба ҷаласаҳои онлайн дар режими замони воқеӣ, ба суханрониҳои асосӣ ва семинарҳо шомил шаванд ва дар баҳсҳо дар бораи таъсири COVID-19 ба занҷираҳои таъмини минтақавӣ, барқароркунии соҳаи сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди бозори энергетикии минтақавӣ, чолишҳо ва тавоноиҳои тиҷорати электронӣ, эъҷоди гуфтугу байни бахшҳои хусусӣ ва давлвтӣ, дар бораи таҷрибаи занони соҳибкори минтақа ва бисёр мавзуҳои дигар ширкат варзанд.

Инчунин, ҳангоми форум гуфтушунидҳои онлайнии беш аз 20 истеҳсолкунандаи маҳсулоти мева ва сабзавот аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон бо шарикони билқувваи худ аз саросари минтақа ва берун аз он, дар чаҳорчубаи ритейл-форуми виртуалии “Ҷаҳони тиҷорат” (Word of Trade) [www.eximexpo.kz] баргузор хоҳанд шуд.

Тайи даҳсолаҳои гузашта, Форуми тиҷоратии Осиёи марказӣ беш аз 5 000 намояндаи бахшҳои хусусӣ ва давлатии беш аз 30 кишварро мутаҳҳид намуд, то равандҳои нав омӯхта шаванд, табодули ғояҳо сурат гирад ва заминаи робитаҳо ва рушди тиҷорат эҷод гардад. Тайи даҳсолаҳои ахир ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфта, ба наздики 6 миллард доллар дар як сол расид.

###

USAID – агентии пешгоми рушди байналмилалӣ ва омили муҳими рушди устувор мебошад. Барои дарёфти иттилооти бештар аз сомонаи USAID дар осиёи Марказӣ https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи Фейсбук  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia дидан намоед.