Сафорати ИМА барои Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон дидбонгоҳи сарҳадӣ месозад

Душанбе, Тоҷикистон, 1 ноябри соли 2019 – Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Гинкел ва муовини Қумандони Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Шоҳиён Абдусаттор дар маросими супоридани иншооти дидбонгоҳи сарҳадии Оқултун, ки барои Қушунҳои сарҳадии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон сохта шудааст, иштирок намуданд. Арзиши лоиҳаи сохтмон ба маблағи 900 ҳазор доллари ИМА аз тарафи Дафтари Ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон таъмин ва амалӣ карда шуд. Ин иншоот иқтидори Қушунҳои сарҳадиро дар назорати доимии сарҳад бо Афгонистон дар ноҳияи Шаҳртузи вилояти Хатлон таъмин менамояд. Инчунин иншоот қобилияти кушунҳои сарҳадиро дар назорат ва пешгирӣ намудани сарҳадшиканиҳои ғайриқонунӣ ба дарозии тақрибан 15-20 км якчанд маротиба баланд мебардорад, ва муқобилиятро ба таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла савдогарони маводи мухаддир, қочоқчиён ва экстремистҳои ҷангҷӯ боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Бо кумаки Сафорати ИМА сохтмон ва таъмири 9 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 2 отряд дар сарҳади байни Точикистону Афғонистон анҷом дода шуд, ки мақсад аз он мустаҳкам намудани амнияти марзи Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати ИМА аз соли 2005 инҷониб барои мустаҳкам намудани марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 100 млн доллар кумак пешниҳод намудааст.

Иёлоти Муттаҳида омода аст бо Тоҷикистон дар дастгирӣ намудани соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ ҳамкорӣ намояд. Ин кӯшишҳо нақши мусбии давлатҳои Осиёи Марказиро дар таъмини сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаи иқтисодӣ ва муқовимат ба терроризм таъмин менамоянд.

Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон тӯли 27 сол боз ҳамкорӣ дорад ва барои рушд ва кӯмак, маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари ИМА-ро тариқи барномаҳо барои дастгирии сектори хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, институтҳои демократӣ, ва амният пешниҳод намудааст.