Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион ваксина алайҳи COVID-19 эҳдо кард

Душанбе, Тоҷикистон, 15 ноябри соли 2021 — Имрӯз Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Пфайзер 117 000 вояро ба Тоҷикистон тақдим кард. Боқимонда 81 900 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад. Ин тақдим ба 325 260 вояи ваксинаи Пфайзер, ки моҳи сентябр, ва 1,5 миллион вояи ваксинаи Модерна, ки дар моҳи июли соли 2021 расонида шудааст, илова аст.

Интиқоли имрӯзаи ваксинаи Пфайзер ба Тоҷикистон як қисми ӯҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба эҳдо кардани 1,1 миллиард ваксинаи COVID-19 ба кишварҳои эҳтиёҷманд – ба таври бехатар, одилона ва бидуни шарт аст. Дар саросари ҷаҳон Иёлоти Муттаҳида аллакай беш аз 200 миллион ваксинаи зидди COVID-19 расонидааст ва дар интизор аст, ки миқдори бештари он расонида мешавад. Иёлоти Муттаҳида бузургтарин донори ташаббуси глобалии ваксинаи COVAX мебошад, ки он сутуни ҳамкории ҷаҳонӣ барои суръат бахшидан ба таҳия, истеҳсол ва дастрасии одилона ба озмоиш, табобат ва ваксина зидди COVID-19 мебошад.

Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли таъкид кард: «Ҳеҷ кас аз COVID-19 эмин нест, то вақте, ки ҳамагон эмин мешаванд. Ва ваксинаҳо як ҷузъи асосиву муҳим барои расидан ба ин ҳадаф мебошад.»

Интиқоли ваксинаи мазкур як қисми кумаки ҳамоҳангшуда барои таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки хариди лавозимоти таъҷилӣ барои пешгирӣ ва назорати касалиҳои сироятӣ дастгирӣ менамояд; назорат, вокуниш ва идоракунии мубталошавӣ бо COVID-19-ро такмил медиҳад; таблиғоти саломатии аҳолӣ, иртибот бо хатарҳо ва ҷалби ҷомеаро рушд ва беҳтар мекунад; ва ҷоришавии истифодаи ваксина зидди COVID-19-ро дастгирӣ менамояд.

Дар тӯли 60 соли охир USAID ҳаёти миллионҳо нафарро аз бемориҳо, аз қабили Эбола, БПНМ, сил, вараҷа ва ҳоло COVID-19 наҷот дод. USAID дастгирии Тоҷикистонро барои паҳн кардани ваксинаҳо ва ҳавасманд кардани мардум ба эмгузаронӣ идома медиҳад.