Сафорати ИМА Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалиро ташкил мекунад

Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон аз 16-ум то 20-уми ноябри соли 2020 таҷлил мегардад. Ба ин муносибат сафорати ИМА дар Душанбе ҷаласа ва суханрониҳоро тариқи онлайн бо як қатор созмонҳои омӯзишӣ, аз ҷумла Шӯрои Амрико, EducationUSA, Марказҳои амрикоӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ баргузор мекунад. Ҳар як созмон барномаҳои омӯзишии худро муаррифӣ карда, дар бораи имкониятҳои таҳсилот маълумот дода ва ба саволҳои ширкаткунандагон посух медиҳад. Сессияҳо ва презентатсияҳо ба таври онлайн дар саҳифаи Facebook-и Маркази амрикоӣ дар ш. Душанбе пахш мегарданд. Ҷадвали чорабиниҳоро аз пайванди зерин метавонед дастрас кунед: https://www.facebook.com/events/2971216226486501

Ҳафтаи байналмилалии омӯзиш, фурсате барои таҷлили самараи таҳсил ва табодули байналмилалии таҳсилотӣ дар саросари ҷаҳон аст. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА, ҷузъе аз талошҳои Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати омода сохтани мардуми Амрико барои як муҳити ҷаҳонӣ ва ҷалби раҳбарони оянда аз хориҷи кишвар барои таҳсил, пажуҳиш ва табодули таҷриба ба Иёлоти Муттаҳида аст. Барномаҳои табодулӣ барои ташаккули дарки ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар дар миёни мардум, бениҳоят муҳим аст.