Душанбе, Тоҷикистон, 29 октябри соли 2020 – Кордори муваққатии сафорати ИМА Ҷон Гинкел дар чорабинии ниҳоии онлайнӣ барои таҷлили дастовардҳои лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) «Шаъну шараф ва ҳуқуқ», ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ шудааст, ширкат варзид. Лоиҳаи «Шаъну шараф ва ҳуқуқ» дар мубориза бо хариду фурӯши одамон ва тарғиби ҳуқуқи муҳоҷирони осебпазир аз Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон, саҳми калон гузоштааст. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар шарикони рушд ширкат варзида, сабақҳои омӯхташуда ва таҷрибаи пешқадам оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирону наҷотёфтагони хариду фурӯшро муҳокима карданд.
Дар тӯли 20 сол ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баҳри мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон фаъолият мекард. Тавассути лоиҳаи «Шаъну шараф ва ҳуқуқҳо», USAID ба беш аз 500 кормандони давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва донишҷӯён оид ба ҳуқуқи инсон, дар доираи қонун ба кор ҷалб намудани инсон ва роҳҳои муқовимат ба савдои одамон дасрҳои омӯзишӣ гузаронид , ва беш аз 18 000 нафарро дар бораи хатари хариду фурӯши одамон ва ҳуқуқи муҳоҷирон огоҳӣ бахшид.
Дар тӯли панҷ соли охир, зиёда аз 1000 нафар наҷотёфтагон ва муҳоҷирони осебпазир тавассути лоиҳаи USAID «Шаъну шараф ва ҳуқуқҳо» барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ ба даст оварданд, ки ин ба беш аз 62 000 нафар имкон дод, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ, аз ҷумла онҳое, ки тавассути мақомоти давлатӣ пешниҳод мегарданд, ба хидматҳо дастрасӣ пайдо кунанд. Тавассути ин лоиҳа, USAID иштироки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар мониторинг ва таблиғи тағирот ба қонунгузории миллӣ, дар робита бо ҳуқуқи муҳоҷирон дастгирӣ намуд ва ба татбиқи онҳо, тавассути як қатор муколамаҳои ҳарсолаи миллӣ, ки аз ҷониби СБМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, мусоидат намуд.
“Солҳои тӯлонӣ аст, ки мо ҳамкориҳои муштаракро бо ҳукумати Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва ҷонибҳои манфиатдори ҷомеа, барои беҳтар кардани ҷалби нерӯи кории хориҷӣ ва пешгирии ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум ва дастрасии наҷотёфтагон ба адолат мусоидат менамоем”- қайд намуд кордори муваққатии сафорати ИМА Ҷон Гинкел. “Якҷоя, ҳамчун шарикон, мо метавонем чунин системаҳоро барои хидмати беҳтар ба шаҳрвандони Тоҷикистон тақвият диҳем.”
Аз соли 2001 инҷониб, USAID барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хариду фурӯши одамон ва расонидани кӯмак ба наҷотёфтагони қочоқи инсон дар Тоҷикистон беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст. USAID ба мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон, тавассути барномаи Муҳоҷирати бехатар дар Осиёи Марказӣ, бо роҳи тавонманд сохтани наҷотёфтагон, ташкили системаҳо ва хидматҳое, ки гурӯҳҳои зери хатарро ҳифз мекунанд, бо истифода аз меъёрҳои иҷтимоӣ, ки хавфҳои хариду фурӯши одамонро зиёд мекунанд, ва, дар ҳамкорӣ бо пешвоёни ҷомеа ва шахсони мансабдор дар самти такмил маълумот ва сиёсат, мусоидат хоҳад кард.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan.