Ташаббуси Глобалии мубориза бар зидди терроризм омӯзиши амалӣ оид ба кашфи яроқи ҳастаиро дар ш. Душанбе гузаронд

Аз 17 то 19 октябри соли 2017 таҳти сарпарастии Ташаббуси Глобалии мубориза бар зидди терроризм (GICNAT), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои кашфи яроқи ҳастаии «Боми ҷаҳон» ширкат варзид. Роҳбарии чорабинии мазкурро Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба уҳда доштанд, ки дар натиҷаи он GICNT шумораи кишварҳои шарикро ба 88 адад ва ниҳодҳои расмии нозирро, ки ба хотири пешгирӣ, ошкор ва вокуниши терроризми ҳастаӣ талош меварзиданд, то панҷ адад зиёд намуд.

Ташаббуси «Боми ҷаҳон» ба кормандони мақомоти гумрук, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони техникӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон имкон дод, ки барои ҳалли масъалаҳои мутақобилаи ҳамоҳангсозӣ ва ҷавоб додан ба маводи атом ва дигар маводи радиоактивии берун аз назорати танзимӣ, фикру ақидаҳояшонро иброз доранд. Чорабинӣ инчунин ба кишварҳои шарик баҳри мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам барои мусоидат намудан ба рушд ва татбиқи амалиётҳои амнияти ҳастаии кишвар имконият фароҳам овард. Дар охир, дар рафти ин чорабинӣ, кори GICNT ва шарикони минтақавӣ барои ривоҷу рушди тавонмандӣ ва баланд бардоштани қобилияти миллӣ оид ба ошкорсозии яроқи ҳастаӣ махсус қайд гардид. Иштирокчиён дар он ақидаанд, ки ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи бехатарии ҳастаӣ аҳамияти калон дорад ва нақши арзишноки GICNT-ро дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои шарик дар тақвияти имкониятҳои миллиашон қайд намуданд.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар дар бораи GICNT, сомонаҳои https://www.state.gov/t/isn/c18406.htm ва  www.gicnt.org дидан намоед.