Ҳукумати Амрико санаҳои нави барномаи раводиди DV-2019-ро эълон менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 17 октябри соли 2017– Бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18 октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Он бояд аз сари нав аз тарафи довталабон ворид карда шаванд.

Муҳлати нави бақайдгирии довталабони раводиди DV-2019 барои ворид намудани маълумот нисфирузии 18 октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз меёбад ва нисфирузии 22 ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад. Маълумоти шахсоне, ки то рузи чоршанбе, санаи 18 октябри соли 2017 бақайд гирифта шудаанд, дида баромада намешаванд, ва онҳоро лозим аст, ки маълумотро аз сари нав, дар давоми муҳлати нави бақайдгирӣ, ба барнома ворид намоянд.

Боиси таасуф аст, ки довталабони барномаи раводиди DV-2019 бо чунин камбудиҳо ру ба ру гардиданд. Муаммои техникӣ аз он иборат буд, ки интихоби давлате, ки ҳаққи дар барномаи мазкур иштирок карданро дорад, ғайриимкон буд ва аз давлате, ки ҷои таваллуди онҳо мебошад, фарқ мекунад. Ин танҳо дар ҳолатҳои муайяни маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин натиҷаи ҳар гуна дахолати беруна ё талошҳои шикастани сомона набуд. Бо вуҷуди ин, барои таъмини адолат ва ҳифзи раванди мукаммал барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мо бояд раванди воридшавии маълумотро дар соли ҷорӣ давом диҳем (DV-2019).

Довталабон метавонанд ба шакли воридшавии маълумотҳои электронии DV (E-DV) дар сомонаи расмии dvlottery.state.gov  дар давоми муҳлати бақайдгирӣ, дастрасӣ пайдо кунанд. Дастурҳо оид ба лотереяи DV инчунин дар сайти ҷамъиятии Департаменти давлатӣ дар usvisas.state.gov/dv/instructions дастрас мебошанд.