USAID барои афзоиши тиҷорати наздимарзӣ дар Осиёи Марказӣ фаъолият оғоз мекунад

Душанбе, Таджикистан, 5 октябри соли 2021 — Имрӯз Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оғози фаъолияти нави панҷсолаи 19 миллион доллараи Лоихаи USAID оид ба рушди савдо дар Осиеи Марказӣ-ро эълон кард, ки он дар Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон амалӣ карда мешавад. Фаъолияти нави тиҷоратӣ ба дастовардҳои даҳсолаи USAID такя мекунад, ки он ба тиҷорати минтақавӣ, рушди корхонаҳо ва алоқаи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Лоихаи USAID оид ба рушди савдо дар Осиеи Марказӣ дар самти амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ равиши соддатареро пеш гирифта, барои расидан ба ин ҳадафҳо ба бахши давлатӣ ва хусусӣ кӯмаки техникӣ мерасонад.

Аввалан, фаъолият барои ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади кам кардани хароҷоту вақти интизорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа амалӣ карда мешавад. Дуюмаш ин, ки он муколамаи байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар бораи ислоҳоти судманд ба роҳ монда метавонад, ки ба афзоиш ва ҷалби зиёдтари сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Сеюм, фаъолият бо ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати афзоиши тиҷорати фаромарзӣ байни ширкатҳои минтақа, инчунин байни ширкатҳои Осиёи Марказӣ ва боқимондаи ҷаҳон кор хоҳад кард.

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаҳо: https://www.usaid.gov/centralasiaregional ва саҳифаи Facebook https://www.usaid.gov/centralasiaregional нигаре