Имрӯз 11-умин Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ бо дастгирии USAID оғоз меёбад

Душанбе, Тоҷикистон, 4 октябри соли 2021 – Имрӯз Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ёздаҳумин Форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказиро оғоз мекунад, ки чорабинии байналмилалӣ оид ба пешбурди тиҷорат ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он, инчунин оид ба муҳокимаи барқарорсозӣ пас аз пандемияи COVID-19 ва устуворӣ дар минтақа мебошад. Дар чорабинии 5-рӯзаи маҷозӣ 80 суханварони барҷаста аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва ИМА баромад мекунанд ва ба он боз 3 500 иштирокчиён аз 42 кишвар ҳамроҳ мешаванд.

Мавзӯи форуми имсола “Барқарорсозӣ дар давраи пас аз COVID-19 тавассути такмилдиҳии ҳамкорӣ” буда, он корхонаҳои пешсафи тиҷоратӣ ва соҳавӣ, мансабдорони давлатию сиёсатмадорон ва коршиносони соҳавиро аз саросари минтақа ва берун аз он, барои муҳокимаи тамоюлҳои тиҷоратӣ дар давраи пас аз пандемия, барқарорсозии бахши тиҷорат ва туризм дар шароити COVID-19, роҳҳои ҳалли устувори обтаъминкунӣ дар Осиёи Марказӣ, имконияти сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои шавқовар, ҷамъ меоварад.

Муовини сардори намояндагии Сафорати ИМА дар Қазоқистон, хонум Ҷудӣ Куо дар суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд: «Аввалин Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ки дар Бишкек соли 2011 баргузор гардид, бар эътиқоди он асос ёфта буд, ки ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва тиҷорати байналмилалӣ барои шукуфоӣ нақши асосӣ мебозанд. Мо бо хушнудӣ қайд мекунем, ки президентони кишварҳои минтақа ақидаро оиди ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ, ки роҳи беҳтарини бартарафсозии мушкилоти имрӯза мебошад, дастгирӣ мекунанд”

Форуми мазкур ҳамзамон ба ҷашни 30-солагии ҳамкориҳои байни ИМА ва панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ рост меояд. Дар ин давра Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъмини сулҳ ва амният, дастгирии ислоҳоти демократӣ, рушди иқтисодӣ ва ниёзҳои башардӯстона кӯмаки мустақим ба андозаи беш аз 9 миллиард доллари ИМА расонидааст. Ба туфайли муносибатҳои дуҷониба ва стратегияҳои минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва робитаҳои мутақобила, ин талошҳо дар кишварҳои минтақа ба он мусоидат намуданд, ки боз ҳам рақобатпазиртап шаванд, инкишофи гуногунҷабҳавии иқтисодиро ташвиқ диҳанд ва шукуфоиро дар саросари минтақа баланд бардоранд.

Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои корӣ Форуми тиҷоратии Осиёи Марказиро дар ҳамкорӣ бо Академияи CERT, Донишкадаи подшоҳии логистика ва нақлиёт (CILT), Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), Иттиҳоди глобалии занҷираи хунукитаъминкунанда (GCCA), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Маркази байналмилалии тиҷорат (ITC), Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU), Ҷамъияти мутахассисони ҷавон дар соҳаи логистика ва нақлиёт «Next Generation Central Asia», Федератсияи ҳаракати кишоварзии органикии Қазоқистон (KAZFOAM), QazTrade, Ассотсиатсияи “Туркмен Логистика”, “Занон дар логистика ва нақлиёт” (WiLAT), Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, инчунин бо шарикони ВАО дар намояндагии “Asia Hikes”, Ашгабат.ин, “Discover Kyrgyzstan”, Ekolog.uz, Клуби матбуотии Қазоқистон, Kapital.kz, агентии сайёҳии “Kazakh Traveler International”, “Kazakh Tourism”, Profit.kz, “Steppe”,  “Travel Tajikistan”, “Uzbekistan Travel” ва маҷаллаи “WideOyster”ташкил менамояд.

Дар давоми даҳсолаи охир, тавассути Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ, USAID тавсеа додани ҳамкорӣ ва робитаҳои мутақобилаи минтақавиро бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва суръатбахшии инкишофи устувори иқтисодӣ дар минтақа ҷонибдорӣ намуд. Форум зиёда аз 10 000 иштирокчиёнро аз зиёда аз 30 кишвар барои муайян кардани мушкилоти ҷорӣ, ки ба соҳаи тиҷорат ва шукуфоӣ монеа эҷод мекунанд, мубодилаи афкор ва роҳҳои ҳал, ба роҳ мондани муносибатҳо ва пешбурди тиҷорат ҷамъ овардааст.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаҳо: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia дастрас аст.