Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе бо хушнудӣ эълон менамояд, ки маблағгузорӣ тавассути грантҳои барномаи дипломатияи ҷамъиятӣ дастрас мебошад. Довталабон метавонанд дархосташонро то санаи қатъ гардидани қабули дархостҳо – 15-уми марти соли 2020 барои баррасӣ пешниҳод кунанд.
Бисёре аз сайёҳони хориҷие, ки ба ҷойҳои камтаҳқиқшуда саёҳат мекунанд (аз ҷумла сайёҳони амрикоӣ), имкониятҳои омӯхтани манзараҳои зебои кишвареро, ки дар он урфу анъанаҳои асил то ҳанӯз боқӣ мондаанд, ҷустуҷӯ менамоянд. Чунин гурӯҳи хоси сайёҳони хориҷӣ, ки онҳоро сайёҳони экстремалӣ низ меноманд, ҳамчунон интизоранд, ки роҳбаладони баландмаҳоратро, ки фарҳанги маҳаллиро хуб медонанд, ёрии таъҷилии тиббӣ расонида метавонанд ва малакаҳои шоистаи хизматрасонӣ ба мизоҷонро доранд, пайдо карда метавонанд. Тоҷикистон бо захираҳои бойи табиӣ метавонад барои сайёҳони экстремалӣ макони беҳтарини сайру сайёҳат гардад, аммо зерсохтори суст рушдёфта ва нигарониҳои амниятӣ мамонияти асосӣ дар роҳи рушди соҳаи сайёҳии кишвар ба шумор меравад, ки он заминаи таърихӣ дорад. Бо мақсади дастгирии рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯъбаи равобит бо ҷомеа ба таҳкими зарфияти туроператорҳо ва роҳбаладон тавассути таҳияи стандартҳои касбӣ дар соҳаи саёҳат ва ҷалби мутахассисони амрикоӣ ба ҳайси роҳнамоён равона шудааст.
Мӯҳлати охири ирсоли дархостҳо: 15-уми марти соли 2020 (соати 24:00 бо вақти Душанбе)
Барои гирифтани кӯмак дар робита бо талаботҳои дархости мазкур, лутфан ба GrantProposalsDushanbe@state.gov муроҷиат намоед ё бо рақами 2292315 / 2323 дар тамос шавед.
Маълумоти пурраро аз пайвандҳои зерин пайдо кунед:
- Эълон дар бораи имконияти маблағгузорӣ (PDF – 462 KB)
- Budget Narrative Sample Template (Excel 30 KB)
- SF424A-Budget Information for Non-Construction Programs (PDF – 323 KB)
- SF424A-Budget Information for Non-Construction Programs Instructions (PDF – 347 KB)
- SF424-Application for Federal Assistance – Organizations (PDF – 265 KB)
- SF424B-Assurances for Non-Construction Programs (PDF – 116 KB)
- SF424-Instruction for Organization Form (PDF – 320 KB)