Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ

Барои ширкат дар Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ барои соли 2020 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дархостҳо қабул карда мешаванд.

Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ ба рӯзноманигорон ва донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ, ки фаъолияти худро тоза оғоз кардаанд, маҳоратҳои лозимаро барои касби муваффақият дар соҳаи журналистика ва ВАО омӯзиш хоҳад дод. Донишкадаи тобистона як барномаи таълимии таъомулӣ (интерактиви)-ро барои рушди маҳорати иштирокчиён дар соҳаҳои монанди дата-журналистика, расонаҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастинг ва достоннависӣ пешниҳод мекунад. Инчунин барнома дониши хабарнигоронро дар бораи ахлоқи журналистика, санҷиши манбаъҳо ва ошкор кардани иттилооти ғалат такмил хоҳад кард. Донишкадаи тобистона барои ҳамаи иштирокчиёни аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боз аст ва ҳадафи он рушди шабакаи байниминтақавии рӯзноманигорон ва ВАО-и мустақил дар Осиёи Марказӣ аст. Иштирокчиён дар давоми омӯзиш бо ҳамдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард ва пас аз бозгашт ба ватан, бо шабакаи васеи рӯзноманигорони минтақавӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи GoViral, ҳамкориро идома хоҳанд дод.

Барнома аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дастгирӣ шуа, аз ҷониби Маркази байналмилалии Меридиан дар Вашингтон, ИМА амалӣ карда мешавад.

Институти тобистонаи 2020:
Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ довталабноро ба Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ аз 22 июни соли 2020 то 17 июли соли 2020 дар Бишкек, Қирғизистон қабул менамояд. Модулҳои таълимӣ саводнокии ВАО, дата-журналистика ва технологияҳои нави расонавиро дар бар мегиранд. Омӯзиш бо забони русӣ баргузор мегардад.

Барномаи мазкур, хароҷоти сафар аз ҷои зист то Бишкек ва баргашт, манзил, хӯрок, суғурта ва маводи барномавиро дар бар мегирад. Танҳо номзадии довталабоне, ки барои иштироки пурра дар ин барнома (чор ҳафта), омодаанд баррасӣ мешаванд.

Дохилшавӣ ва бақайдгирӣ:
Талаботи тахассусӣ:

  • Шаҳрванд ё сокини Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ё Ӯзбекистон
  • Аз 18 то 30 сола (то 22 июни соли 2020)
  • Рӯзноманигор ё донишҷӯи бахши рӯзноманигорӣ

Номзадҳои муваффақ бояд ба меъёрҳои зерини интихобӣ ҷавобгӯ бошанд:

  • Таҷриба ва / ё омӯзиши мувофиқ дар ин самт
  • Роҳбарӣ ва ҳавасмандӣ ба рушди касбӣ, рӯҳияи мусбӣ ва ташаббус
  • Хоҳиши рушди шабакаи рӯзноманигорони мустақил ва васоити ахбори омма дар Осиёи Марказӣ.
  • Донистани забони русӣ

Чӣ гуна бояд дархостро пур кард?
Аризаи дархостро онлайн пур кунед. Дархост бояд иборат бошад аз:

  • Ду тавсиянома аз ҷониби роҳбари илмӣ ва / ё касбӣ.
  • Ду намунаи кории шумо, ки дар 3 (се) соли охир нашр шудаанд.
  • Аризаи онлайн тавассути ин сомона дарёфт мешавад: https://fs3.formsite.com/Meridian1630/2020letniiinstitut/index.html

Дархостҳо то 1-уми марти соли 2020, то соати 20:00 бо вақти Душанбе қабул карда мешаванд.

Маълумот оид ба қабули довталабон моҳи майи соли 2020 эълон карда мешавад. Барои саволҳо ба CASummerInstitute@meridian.org муроҷиат намоед.