Душанбе, Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2019 – 7-уми январи соли 2019 Ҷон Марк Поммершайм ҳамчун Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Сафир Поммершайм дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷониби Президент Трамп дар санаи 12 сентябри соли 2018 пешниҳод шуда буд. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси ҷонишини Сафири Амрико (2015-2018) дар сафорати ИМА дар шаҳри Остонаи Қазоқистон адои вазифа намудааст. Пеш аз фаъолияти корӣ дар Қазоқистон ӯ вазифаи Директори Идораи корҳо оид ба Қафқоз ва муноқишаҳои минтақавӣ дар назди Бюрои корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатиробар дӯш доштааст, ки дар чорчӯбаи он ӯ ба роҳбарии доираи густурдаи муносибатҳои Амрико бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон масъул буд. Дар доираи фаъолияти дипломатии худ Поммершайм дар силсилаи вазифаҳои гуногун дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати ИМА дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи Консули генералии ИМА дар шаҳри Владивостоки Руссия адои вазифа намудааст.
Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии Амрикоӣ) дар шаҳри Москав фаъолияти корӣ намудааст. Ӯ инчунин дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияи иттилоотӣ бо Агентии иттилооти ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардааст. Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания буда, соҳиби дипломҳои таҳсилӣ аз донишгоҳҳои Бакнелл ва Колумбия аст. Ҳамсараш Наталия Поммершайм буда, онҳо соҳиби се писар мебошанд.