Душанбе, Тоҷикистон, 25-уми сентябри соли 2020 – Бахши ҳамкориҳои низомии сафорати ИМА дар Душанбе ба Гвардияи миллии Тоҷикистон барои мубориза бо пандемияи ҷаҳонии COVID-19 ба маблағи 169 600 сомонӣ кумак расонд.
Кӯмак аз таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ва ашёи гигиенӣ, аз он ҷумла: 11000 ниқоб, 100 комбинезони муҳофизатӣ, 1000 ниқоби нафаскашӣ, 100 маҷмӯи айнак, хароратсанҷ, дорупошаки антисептикӣ ва дигар маводи санитарӣ иборат буд.
Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо Гвардияи миллӣ васоити муҳофизатии заруртаринро муайян намуда, чунин таҷҳизотро барои дастгирии ҳайати шахсии онҳо дар ин буҳрон пешниҳод намуд.
Сафир Ҷон Марк Поммершайм қайд намуд: «Ин кумак намунаи ҳамкории қавӣ дар соҳаи амният ва тандурустӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аст, ки сол аз сол мустаҳкамтар мешавад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико барои дастгирии мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион доллари ИМА кумак расонидаанд, ва аз соли 2002 инҷониб мо ба соҳаи амнияти Тоҷикистон ба арзиши беш аз 200 миллион доллари ИМА кумак расондем.”
Аз соли 2007 инҷониб Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ба бахши амнияти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллари ИМА кумак пешниҳод намудааст, ки он, аз ҷумла, дастгириҳои лоиҳаҳои инфрасохторӣ, омӯзишӣ ва тақдими таҷҳизотро дарбар мегирад. Ба наздикӣ ин шуъба таҷдиди дидбонгоҳи сарҳадии Оқултунро дар минтақаи Шаҳритус дар соли 2019 ба арзиши 900,000 доллари ИМА маблағгузорӣ кард.