Озмуни навори беҳтарин дар бораи Тоҷикистон таҳти унвони “TojikistoniMan”

ДӮСТОНИ АЗИЗ, ШИТОБЕД !!!

Сархати худро равшантару ҷолиб намо ва соҳиби яке аз 5 смартфонҳои замонавӣ шав!

Сафорати Амрико озмуни навори беҳтаринро дар бораи Тоҷикистон таҳти унвони “TojikistoniMan” эълон менамояд.

Зебогии Тоҷикистони худро нишон деҳ!

Тоҷикистон мардуми меҳмоннавоз ва табиати нотакрор дорад. Мо мехоҳем, бештар зебогии ҷойи Шуморо бубинем!

Таърихи ифтитоҳи озмун 20-уми сентябри соли 2018
Мӯҳлати охирин 15-уми октябри соли 2018
Эълони ғолибон 31-уми октябри соли 2018

Мавзуъҳои озмун:

  • Фарҳанг ва анъанаҳо
  • Табиат
  • Мавзеъҳои таърихӣ
  • Ғизо

Талаботи озмун:

  1. Озмун 3 ҳафта давом мекунад ва танҳо дар ду платформа мегузарад: Facebook ва Instagram.
  2. Видеоро дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ намоед. Дар шарҳи он ба таври мухтасар нависед, ки чаро ин маконро боздид бояд кард.
  3. Видеоро дар саҳифа ё аккаунти худ (Facebook ё Instagram) бо ҳештеги #TojikistoniMan гузоред.
  4. Навор набояд аз 1 дақиқа зиёд бошад.
  5. Мавод бояд аслӣ бошад. Асари пешниҳодшуда бояд эҷоди кори худи иштирокчӣ бошад, на нусхаи муаллифи дигар. Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқи муаллифи дигар, иштирокчии мазкур аз хуқуқи иштирок дар озмун маҳрум мегардад.
  6. Маводи пешниҳодгардидаро мувофиқи меъёрҳои наворгирӣ бо сифати хуб дар хаҷми на зиёда аз 150 МВ пешниҳод намоед.
  7. Дар анҷоми озмун Сафорати Америка ҳамчун муаллифи ин наворҳо боқӣ мемонад.

Раванди интихоб:
Шахсоне, ки бештар соҳиби “ЛАЙК” мешаванд, ғолиби озмун эълон мегарданд.

Мукофот:
Навори эҷодкардаи иштирокчиён бо телефони замонавӣ қадрдонӣ мегардад.

Маълумоти бештар дар бораи Шарти озмун» (PDF 159 KB)

«ЛАЙК» бигир ва бурд намо!