USAID барои мусоидат дар таъмин намудани бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон, 36 миллион доллар ҷудо мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 18 сентябри соли 2020 Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) фаъолияти нави панҷсолаи худро оид ба амнияти озуқаворӣ бо маблағи 36 миллион доллари амрикоӣ, дар доираи ташаббуси ҳукумати ИМА “Озуқаворӣ ба хотири оянда” лоиҳаи Кишоварзӣ ва идоракунии заминро барои паст кардани сатҳи гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатӣ дар Тоҷикистон эълон намуд.

Ташаббуси ҷаҳонии Ҳукумати ИМА оид ба хотима додан ба гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ ният дорад бо сабабҳои аслии камбизоатӣ, гуруснагӣ ва камғизоӣ, тавассути афзоиши рушди иқтисодӣ, устуворӣ ва ғизонокии маводҳои кишоварзӣ мубориза барад.

Лоиҳаи кишоварзӣ ва идоракунии замин дар Тоҷикистон дар пешбурди фаъолияти хеш, дар чорчубаи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” аз таҷриба, захираҳо, истеъдодҳо ва фидокории ташкилотҳо, ширкатҳо ва шахсони алоҳидаи маҳаллӣ, барои ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ, истифода хоҳад бурд.

USAID системаҳои самараноки кишоварзиро таҳия хоҳад кард, ки истеҳсол ва истеъмоли ғизоро беҳтар месозанд, институтҳои маҳаллӣ ва шарикони бахши хусусиро тақвият хоҳад бахшид ва муҳити кишоварзиро, алалхусус дар идоракунии замин, беҳтар хоҳад намуд. Бо такя ба дастовардҳои қаблӣ, USAID минбаъд низ фаъолияти худро баҳри беҳтар намудани даромади деҳқонони хоҷагиҳои хурд, мусоидат ба тавонмандии иқтисодии занон ва афзоиш додани истеҳсол ва истеъмоли хӯрокҳои серғизо идома медиҳад. Дар айни замон USAID дастгирии диверсификатсияи воситаҳои зиндагӣ барои баланд бардоштани сатҳи устувории хонавода ва ҷомеа ба шок ва стрессҳо идома хоҳад дод.

Оила дар ҳоле бо озуқаворӣ таъмин аст, агар аъзоёни он дар гуруснагӣ зиндагӣ накунанд. Бехатарии озуқаворӣ аксар вақт аз камбизоатӣ реша мегирад ва ба қобилияти оилаҳо, ҷомеаҳо ва кишварҳо барои рушд ва пешрафт таъсири манфии дарозмуддат мерасонад. Норасоии тӯлонии ғизо афзоишро бозмедорад, рушди зеҳниро суст мекунад ва ҳассосиятро ба беморӣ, ба мисли COVID-19, зиёд мекунад.

Гарчанде ки ноамнии озуқаворӣ ва норасоии ғизо таъсири дуюминдараҷаи  COVID-19 мебошанд, онҳо нигаронии аввалиндараҷаи USAID мебошанд. USAID айни ҳол саъю кушиш мекунад, ки Тоҷикистонро дар ин замони душвор, тавассути барномарезии “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба системаҳои озуқаворӣ, устуворӣ ва ғизо дастгирӣ намояд.

Дастгирии USAID оид ба амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон аллакай ба хоҷагиҳои хурд кумак расонидаст, ки онҳо даромади худро 194% афзоиш доданд, беш аз 3 миллион доллар даромадро аз фурӯши маҳсулот ба даст оварданд ва ба беш аз 120 000 кишоварз кумак карданд, ки бори аввал дар даҳсолаҳои ахир дастрасӣ ба замин ва обро доро шуданд.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia.