Варақаи матбуотӣ
Майк Помпео, Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида
8-уми сентябри соли 2019
Аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико ман мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолият, ки 9-уми сентябр таҷлил мегардад, табрик менамоям.
Дар тӯли 28 соли охир, Тоҷикистон шарики муҳими Иёлоти Муттаҳида дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ мебошад ва ба рушди сиёсиву иқтисодии минтақа мусоидат менамояд. Шарикии мо ба фоидаи ин ду кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ мебошад, ва мо итминон дорем, ки дӯстии мо дар солҳои оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд.