Душанбе, Тоҷикистон, 31 августи соли 2017. – 31-уми август сафир Миллард Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намуда ба иҷрои вазифаи роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразияи Департаменти давлатии ИМА шуруъ мекунад.
Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард тарки Тоҷикистон мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, аз меҳмоннавози халқи он лаззат мебурд.
Сафири нави ИМА ҳоло таъин нашудааст. Муовини Сарвари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори муваққатии сафорат пас аз рафтани сафир Миллард кор хоҳад кард.
Ба Сафир Миллард боиси шарофат аст, ки ӯ ҷузъи корҳое буд, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар давоми ним соли фаъолияташ ба ҳайси Сафири ИМА дар Ҷумҳарии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд. Дар давоми фаъолияти кории ӯ Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзур намуданд, ки ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида имконияти ҳамкории муштарак оид ба масоили манфиати умумӣ пешниҳод намуд. Давлатҳои мо 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои зерин мусоидат намуд: маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои дар масъалаҳои низомӣ.
Кормандони Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконияти ҳамкорӣ бо Сафир Миллард шарфёб ҳастанд ва ба ӯ дар иҷрои вазифаи нави масъулиятнок муваффвқият орзу менамоянд.