Сафорати ИМА бори аввал озмуни имлои забони анлисиро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гўшаи Амрикоии шаҳри Душанбе ташкил намуд

Душанбе, Тоҷикистон, 15 августи соли 2017 – Дар гўшаи амрикоии шаҳри Душанбе Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард озмуни имлои забони англисиро баргузор намуд, ки дар он 11 ҳариф аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон иштирок намуданд. Озмуни имло – мусобиқаи маъруф дар Амрико мебошад, ки дар он аз иштирокчиён ҳарф ба ҳарф талаффуз кардан ва навиштани калимаҳо ба забони англисӣ талаб карда мешавад. Элнур Рахматуллин аз Қазоқистон ғолиби озмун эълон гардид ва ба сифати ҷоиза ба ў ноутбук тўҳфа карда шуд.

11 ҳарифи мазкур донишҷўёни донишгоҳҳои мухталиф мебошанд. Дар марҳилаи аввал донишҷўён дар озмунҳои маҳаллӣ, ки дар гўшаҳои амрикоии воқеъ дар саросари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буданд, иштирок намуданд. Баъдан, се иштирокчии беҳтарин аз ҳар кадом гўша рақобатро идома дода, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Озмуни имлои забони англисӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал баргузор гардид. Байни дигар иштирокчиён донишҷўи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Шуҳрат Насруллоев, донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маҳзуна Юлдошева ва донишҷўи Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон Муҳаммад Менглиқулов дар ин озмуни байни кишварҳо иштирок намуданд. Қаблан, 24 апрели соли 2017 ин се иштирокчӣ имконияти дар озмуни ҷумҳуриявӣ рақобат карданро дарёфт намуда буданд. Пас аз анҷоми озмун, барои 11 иштирокчӣ сайру тамошои ҷойҳои ҷолиби шаҳри Душанбе ва сафар ба Варзоб ташкил карда шуд, ки ҳадаф аз он мусоидат намудан ба тақвияти равобити фарҳангӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Озмунҳои имлои забони англисӣ чорабиниҳои маърифатӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба донишҷўён имкон медиҳанд, ки дониши худро дар забони англисӣ сайқал дода ва бо донишҷўёни кишварҳои мухталифи дунё рақобат намоянд. Сафорати ИМА дар Душанбе дар нақша дорад, ки ҳар сол озмуни имлоро дар ҳашт гўшаи амрикоӣ дар саросари ҷумҳурӣ баргузор намояд. Ғайр аз баргузории озмуни мазкур, Сафорати ИМА тариқи барномаҳои стипендияҳои хурд барои омўзиши забони англисӣ (https://tj.usembassy.gov/tg/education-culture-tg/grant-programs-tg/english-access-microscholarship-tg/) ва чанд барномаҳои мубодилаи донишҷўён омўзиши (https://tj.usembassy.gov/tg/education-culture-tg/exchange-programs-tg/) забони англисиро ташвиқу тарғиб менамояд. Дар доираи барномаҳои номбурда шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳида фиристода мешаванд ва шаҳрвандони Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд ва ҳадаф аз ин ибтикорот мубодилаи фарҳангию забонӣ мебошад. Феълан, дар 25 соли охир Ҳукумати Амрико сафар ва омузиши зиёда аз 4000 ҷавонони Тоҷикистонро ба ИМА маблағгузорӣ намудааст. Ин ҷавонон аз сафар ва ошноӣ бо Амрико баҳраманд гардида, дар бозгашт ба ҷамоати худ, мактабу донишгоҳашон тағйироту дигаргуниҳоро руҳандозӣ намудаанд.