ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСА ДАР ФОРМАТИ С5+1 БАРГУЗОР ГАРДИД

Душанбе, Тоҷикистон, 27 июли соли 2017 – Рузи чоршанбе, санаи 26 июли соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар форматиС5+1 баргузор намуд.

Муовини ҳамоҳангсози масъалаҳо оид ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар Департаменти давлатӣ, Карл Пашалль бо иштироки сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳайяти намояндагони ИМА-ро сарварӣ намуданд.

C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кушишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Маркази бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, мебошад. Дар вохурии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хосаро ба се бахши асосии аҳамияти умумӣ дошта равона менмоянд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ). Дар вохурии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар Вошингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ менамоянд. Лоиҳаҳои мазкур аз ҳисоби ассигнатсияи Конгресси ИМА ба маблағи 15 млн. долл. ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд. Аз лаҳзаи таъсиси формати C5 + 1 давлатҳои Осиёи Марказӣ дар усулҳои минтақавии баррасии масъалҳо бештар манфиатдор гардидаанд ва формати мазкурро ҳамчун катализатор барои амалҳои муштарак дида мебароянд.