Дастгирии Ҳукумати ИМА дар бунёди идоракунии иноватсионии таъминоти об барои рушди устувор

Душанбе, Тоҷикистон, 26 июли соли 2017 – Сафири ИМА Элизабет Миллард дар форуми «Идоракунии иноватсионии таъминоти об барои рушди устувор» иштирок намуд. Форуми мазкур аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ ташкил гардида, таҳти раёсати Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои об, ҷаноби Султон Раҳимзода сурат гирифт. Дар форум таваҷҷўҳи асосӣ ба беҳтаргардонии сифат ва идоракунии хадамоти таъмини об дар Тоҷикистон равона шуд. Зиёда аз 60 иштирокчиён, аз ҷумла шахсони расмии ҳукумат, намояндагони соҳаи хоҷагии об, раисони ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, инчунин, шарикони рушд ҳолати кунунии таъминоти оби нўшиданӣ дар деҳотчойҳои Тоҷикистон ва роҳҳои тавсеаи дастрасӣ ба он тариқи сармоягузорӣ ва беҳтаргардонии системаи идоракунӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар охири форум иштирокчиён лоиҳаи қарорро бо тавсияҳо оид ба роҳҳои беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар деҳотро таҳия намуданд. Ин ҳуҷҷат барои ба тасдиқ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод хоҳад шуд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ, ки дар 10 ноҳия ва 20 шаҳр, бо мақсади беҳтаргардонии сифати идоракунии маҳаллӣ ва хизматрасонӣ (алалхусус таъмини оби тозаи ошомиданӣ) баргузор гардид. Ин лоиҳа ҳамчунин ба таҳкими иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо дар сатҳи ҳукумати маҳаллӣ мусоидат менамояд. То имрӯз, дар доираи лоиҳа 17 системаи таъмини оби нўшокӣ дар саросари Тоҷикистон насб карда шудааст, ки мавриди баҳрабардории тақрибан 42 000 сокини ҷумҳурӣ гардидааст. Дар давоми 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 млрд. долларро барои барномаҳои мухталиф оид ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ равона кардааст. Дар давоми соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.