Душанбе, Тоҷикистон, 25 июли соли 2017 – Рӯзи душанбе Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард ва раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо ба азнавсозии кўдакистони «Парасту», воқеъ дар ноҳияи Тоҷикобод, ҳусни оғоз бахшиданд.
Расонидани кӯмак дар доираи Нақшаи рушди ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳамоҳангӣ байни Ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат мегирад. Кӯдакистони «Парасту» соли 1959 бунёд гардида, айни замон ягона кӯдакистоне мебошд, ки хизматрасонии он тамоми ноҳияро фаро мегирад. Кўдакистон барои ғунҷоиши танҳо 40 кӯдак бунёд шуда буд, вале ҳоло он ду баробар зиёд аз иқтидори худ фаъолият менамояд. Барои ноҳияи Тоҷикобод тавсеаи дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ аҳамияти калон дорад, ки ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи ҷавонон мусоидат мекунад. Бинои нав, ки бо дастгирии Сафорати ИМА бунёд мешавад, қодир ба фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакони ин ноҳия хоҳад шуд. Ҳадаф аз амалисозии ин лоиҳа, тавсеаи дастрасӣ ба таълиму тарбия ва, минбаъд, эҷод намудани имкониятҳои мусоид барои ҷавонон, мебошад.
Роҳбарияти ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод бунёди муассисаҳои таълимиро ҳамчун самти афзалиятнок барои рушди ноҳия муайян кардааст ва, дар ин росто, бо шарикон аз Сафорати ИМА ҳамкориҳои зич дорад, ба хусус дар ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур. Натиҷаи кӯшишҳои зиёди ҳамаи ҷонибҳои алоқаманд, банақшагирии муваффақиятомез ва шурўъи кор дар ин иншооти хеле муҳим мебошад.
Лоиҳа оиди азнавсозии кўдакистони «Парасту» намунаи ибратбахши ҳамкориҳои зич миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳсуб меёбад.