Душанбе, Тоҷикистон, 25 июни соли 2021 – Сафорати ИМА ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро тақдим намуд. Низоми электронӣ ба таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, мукаммал гардонидани қобилияти ВКД мусоидат хоҳад кард. Инчунин низоми электронии мазкур ба кормандони милитсия имконият медиҳад, ки сабти ҷиноятҳоро идора кунанд ва ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ сабти ҳуқуқиро дастрас намоянд.
Дар асоси дархости ВКД, Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА ва татбиқкунандаи барномаи милитсияи ба ҷомеа-муттамарказонидашуда “Дунёи бехатар” низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро таҳия кардааст. Арзиши умумии лоиҳа 662,000 доллари ИМА мебошад, ки таҳияи нармафзор, хариди сервер ва таҷҳизот, инфрасохтори коммуникатсионӣ ва омӯзиши идоракунии низом барои 275 корманди ВКД-ро дар бар мегирад.
Ин ташаббус боз як намунаи ӯҳдадориҳои шарикии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо ВКД, дар рушди милитсияи ба ҷомеа-муттамарказонидашудаи Тоҷикистон мебошад, ки тавассути татбиқи якҷояи Барномаи милитсияи ҷамъиятӣ амалӣ мегардад. Барномаи мазкур ба афзоиши субот ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.