Душанбе, Тоҷикистон, 20 июни соли 2019 – Ба наздикӣ дар Сафорати ИМА асбоби назораткунандаи сифати ҳаво насб карда шуд. Ҳадаф аз насб кардани асбоби мазкур чен кардани микдори зарраҳои сахт дар ҳаво мебошад. Муайян кардани миқдори зарраҳо дар ҳаво ҳамчун нишондиҳандаи сифати ҳаво дар ҳудуди Сафорат, ки дар маҳаллаи Зарафшон ҷойгир мебошад, хизмат хоҳад кард. Чунин ифлоскунандаҳо ба монанди зарраҳои сахт ба саломатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Хусусан, онҳо метавонанд ба вазъи саломатии гурӯҳҳои ҳассоси аҳолӣ, аз ҷумла одамони гирифтори бемориҳои дил ва шуш, кӯдакон ва пиронсолон, таъсири хеле ҷиддӣ расонанд. Маълумот дар бораи сифати ҳаво дар режими вақти воқеӣ интишор мешавад ва олимону муҳаққиқон, намояндагони ҳукумат ва қишри васеи ҷомеаи Тоҷикистон метавонанд аз он истифода баранд. Маълумоти мазкур дар сомонаи airnow.gov. дастрас хохад буд.
Асбоби назораткунандаи дар боло зикрёфта миқдори зарраҳои дорои диаметри камтар аз 2,5 микрометр (PM 2,5)-ро муайян менамояд. Чунин зарраҳо «зарраҳои хурд» номида мешаванд ва чуноне ки муқаррар шудааст, онҳо аз ҳама бештар ба саломатӣ хатар эҷод менамоянд, зеро ки онҳо метавонанд тавассути шуш ба ҷараёни хун ворид шаванд. PM 2.5 ҳамчун меъёр аз ҷониби Агентии ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист (EPA) эътироф шудааст ва он имкон медиҳад, ки бо чораҳои стандартии ИМА муқоиса карда шавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба сомонаи EPA муроҷиат намоед: https://bit.ly/1U9qR5q.
Агентии ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист формулаеро матраъ намуд, ки барои табдил додани нишондиҳандаҳои РМ 2.5 ба бузургии индекси сифати ҳаво (AQI) истифода бурда мешавад. Ин формула барои иттилоъ додан дар қабул кардани қарор дар робита ба саломатӣ кӯмак карда метавонад. Масалан, агар бузургии AQI ба 50 баробар бошад, пас сифати ҳаво хуб ба шумор меравад ва эҳтимолияти таъсиргузорӣ ба саломатии аҳолӣ хеле ночиз аст, вале агар бузургии AQI аз 300 болотар равад, сифати ҳаво хатарнок маҳсуб меёбад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи AQI ва оиди он, ки чӣ тавр он ҳисоб карда мешавад, лутфан инҷоро пахш кунед: https://bit.ly/1U9qR5q
- Маълумотнома оиди назорати сифати ҳаво (MS PowerPoint 1 MB)
Индекси сифати ҳаво Меъёрҳои нигаронӣ дар робита ба саломатӣ | Бузургиҳои ададӣ | Чиро маънидод мекунад |
---|---|---|
Хуб | Аз 0 то 50 | Сифати ҳаво қаноатбахш ҳисобида мешавад, олудагии ҳаво хатари ночиз ва ё бехатариро ифода мекунад |
Мўътадил | Аз 51 тo 100 | Сифати ҳаво қобили қабул аст; бо вуҷуди ин, аз рўи баъзе аз ифлоскунандаҳо эхтимолияти пайдоиши мушкилӣ бо саломатӣ (ба андозаи мўътадил) дар байни теъдоди хеле ками одамон вуҷуд дорад, ба хусус дар байни одамоне, ки ба олудагии ҳаво ба таври ғайримуқаррарӣ ҳассос мебошанд. |
Зиёновар барои гурўҳҳои ҳассос | Аз 101 тo 150 | Одамоне, ки ба гурўҳҳои ҳассос шомил ҳастанд, метавонанд бадшавии вазъи саломатиро эҳсос кунанд. Қишри васеи ҷомеа чунин таъсиргузориро аз сар нахоҳад гузаронд. |
Зиёновар | Аз 151 тo 200 | Ҳар нафар метавонад бадшавии вазъи саломатиро эҳос намояд; одамоне, ки ба гурўҳҳои ҳассос шомиланд, эҳтимолан дучори ҳолати вазнини саломатӣ гарданд. |
Хеле зиёновар | Аз 201 тo 300 | Огоҳиҳо оиди таъсири зиёновар ба саломатӣ. Эҳтимолияти зиёд вуҷуд дорад, ки тамоми аҳолӣ ба бад шудани вазъи саломатӣ мувоҷеҳ гарданд. |
Хатарнок | 301 to 500 | Огоҳӣ оиди расидани зиён ба саломатӣ:ҳар нафар метавонад ба оқибатҳои хеле зиёновар ба саломатӣ мувоҷеҳ гардад. |