ШАҲРИ БОУЛДЕРИ ИЁЛАТИ КОЛОРАДО БА БАРОДАРШАҲРИ ХУД – ДУШАНБЕ КИТОБҲО ИНЪОМ НАМУД

Душанбе, Тоҷикистон, 19 майи соли 2017 – Рўзи ҷумъа, 19-уми май, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард 1300 китобро аз номи сокинони Боулдер ва Денвери иёлати Колорадо, ИМА ба шаҳри Душанбе тақдим намуд. Китобҳои мазкур ба Кибер-кафеи дўстии шаҳри Душанбе ва нўҳ мактаби шаҳри Душанбе дастрас гардиданд. Маросими тақдими китобҳо дар “Душанбе Плаза” баргузор гардид ва Ҳукумати шақри Душанбе ҳамчун ташкилкунандаи ин чорабинӣ баромад намуд. Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадасаид Зувайдзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, муносибатҳои густурдаи байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдерро махсус қайд намуд. Сафир Элизабет Миллард зимни суханронии худ оид ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ таъкид намуда, мисраҳои шеърҳоро ба забони тоҷикӣ дар бораи дўстӣ ва китобҳо қироат намуд. Инчунин хонум Миллард дар назди ҳозирин мактуберо аз номи Шўрои мудирони созмони “Бародаршаҳро Боулдер-Душанбе” хонд. (дар замима (PDF 438 KB)).

Дар давоми як ҳафта сокинони Боулдер ва Денвер, Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер, мактабҳои маҳаллӣ ва инчунин чойхонаи Боулдер-Душанбе 1300 адад китобро ба забони англисӣ ҷамъоварӣ намуданд, то ки ин китобҳоро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Душанбе дастрас гарданд. Китобҳои мазкур аз классикаи адабиёти англисӣ, китобҳои бачагона ва назм иборат мебошанд.

Равобити мутақобила байни бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе ҳанўз дар солҳои 80-уми асри гузашта шурўъ гардид. Бад ин тартиб, сокинони шаҳри Душанбе чойхонаи зебои “Боулдер-Душанбе”-ро дар шаҳри Боулдер бунёд намуданд ва сокинони Боулдер бошад, дар навбати худ Кибер-кафеи дўстиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. Дар рафти муносибатҳо дар ин самт, Ҳукумати ИМА якчанд барномаҳои мубодилаи донишҷўён ва мутахассисонро сарпарастӣ намудааст. Дар доираи ин барномаҳо шумораи зиёди донишҷўёну мутахассисон ба шаҳри Боулдер сафарбар гардиданд. Ҳадаф аз ин барномаҳо таҳкими равобит байни сокинони ду бародаршаҳр аст. Моҳи ҷорӣ гурўҳи мутахассисони соҳаи экотуризм ба шаҳри Боулдер сафарбар мегарданд ва бо аъзои созмони “Бародаршаҳрҳои Боулдер-Душанбе” мулоқот мекунанд.

Ҳукумати ИМА бар он аст, ки равобити мустаҳкам байни халқҳо рукни умда барои густариши муносибатҳои самарабахши дутарафа маҳсуб меёбад. Ба ин хотир, Ҳукумати ИМА тайи 25 соли ахир беш аз 5000 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳсил, такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба равон намуд, то ки ин донишҷӯёну мутахассисон пас аз бозгашт ба ватани хеш барои рушду нумўи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Рӯзи ҷавонон муборак!

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.