CDC аз оғози пандемияи COVID-19, ба Тоҷикистон ба маблағи 584,305 доллар мавод ва таҷҳизот тақдим кард

Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) таҳвили таҷҳизот ва маводҳои лабораториро барои пешгирӣ ва назорати COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи 264,985 доллари ИМА, ба анҷом расонд. Ашёҳои тақдимшуда, иборат аз ҷевонхои бехатари-биологӣ, яхдонҳои ҳарораташон ниҳоят паст (-86 ° C) ва дигар лавозимоти лабораторӣ, аз қабили воситаҳо барои интиқол ва нигоҳдории намунаҳои ташхис, ҷевонҳои махсус барои нигохдории маводхои биологии хатарнок ва ашёҳои покизаи филтрдор мебошанд.

Арзиши умумии таҷҳизот ва лавозимоти лабораторӣ, ки аз оғози пандемия аз ҷониби CDC ба Тоҷикистон тақдим карда шуд, 584,305 доллари ИМА-ро ташкил дод. Ашёе, ки аз ҷониби CDC тақдим шудааст, дар озмоишгоҳҳои ҳифзи саломатии шахру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Кубодиён ва Панҷакент истифода мешавад.

«Ҳамкории мо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хеле пеш аз хуруҷи пандемияи ҳозира оғоз ёфта буд ва пас аз ба охир расидани он низ идома хоҳад ёфт. Амрико ҷонибдори дастгирии беҳтар намудани саломатии мардум дар Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ мебошад» гуфт директори CDC Осиёи Марказӣ, доктор Даниэл Сингер.

CDC Вазоратҳои тандурустии Осиёи Марказиро аз оғози пайдоиши беморӣ, тавассути гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ, расонидани кӯмаки техникӣ дар холатҳои фавқулодда, дуруст ба роҳ мондани корҳои лабораторӣ, пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, гузаронидани санҷишҳо дар марзҳо, иртибот бо хатарҳо,ҷалби ҷомеа ва гузаронидани инчунин назорати эпидемиологӣ, дастгирӣ мекунад.

Аввалин дафтари CDC дар Осиёи Марказӣ соли 1995 дар Алмаато кушода шуд ва имрӯзҳо дафтарҳои марказ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунанд. CDC бо тамоми вазоратҳои тандурустӣ ҳамкорӣ намуда, қобилияти лабораторияҳои маҳаллӣ ва назорати эпидемиологиро мустаҳкам менамояд, захираҳои инсониро тақвият медиҳад, то кишварҳо тавонанд хуруҷи бемориҳоро беҳтар пешгирию ошкор ва ба онхо вокуниши муносиб нишон диҳанд.