Сафорати ИМА ба Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҷамоати Ҷ. Раҳмони ноҳияи Турсунзода кўмаки молиявӣ мерасонад

Душанбе, 10 майи соли 2019 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсияНавҷувонов Абдулло бинои нав сохташудаи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаро дар ҷамоати Ҷ. Раҳмони ноҳияи Турсунзода, кибо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, кушоданд. Маркази мазкур ва он чизе, ки он таҷассум менамояд, гувоҳи натиҷаи ҳамкориҳоимуваффақиятомез байни Вазорати корҳои дохилӣ, ҷамоати маҳаллӣ ва Сафорати ИМА мебошад. Марказҳои ҳамкории милитсия боҷомеа барои нозирони минтақавии милитсия утоқҳои корӣ ва инчунин маҳалли кории муштарак бо ҷамоатҳои маҳаллӣ, дар шахсиГурўҳи рушди шарикӣ байни милитсия ва ҷомеа, бо мақсади муштаракан ошкор ва ҳал намудани мушкилоти амният дар сатҳимаҳаллӣ, фароҳам меоваранд.

Сафир Поммершайм аҳамияти аз ҷониби Тоҷикистон бо муваффақият ҷорӣ намудани тамсилаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки ба таъмини амнияти шаҳрвандон тавассути ҳамкории самаранок байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷамоатҳо дар асоси боварӣ ва эҳтироми мутақобил сурат мегирад, эътироф намуд.

Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани тамсилаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар соли 2010 шурўъ намуд. Тамсилаи мазкур ба Барномаи ВКД оид ба ислоҳоти милитсия мусоидат намуда, онро такмил медиҳад. Тамсилаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба тақвият додани имконоти хизматрасонии ВКД ба шаҳрвандон бо дарназардошти риояи ҳуқуқи башар ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба милитсия равона шудааст. Аз соли 2010 то ин ҷониб тамсилаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ дар 24 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодина карда шудааст. Сафорати ИМА ба Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ташкил намудани 32 Гурӯҳи рушди шарикӣ байни милитсия ва ҷомеа, инчунин барои таъсис додани 49 Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар саросари кишвар мусоидат намудааст.