Душанбе, Тоҷикистон, 11 майи соли 2017 – Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович ва Муовини якуми Раис – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар маросими тантанавии супоридани кӯмак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти алоқа ва камераҳои гармидиҳӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Ин кӯмак барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон, истифода бурда мешавад.
Сафир Элизабет Миллард дар маросими супоридани кӯмак зикр намуд, ки ҳамкории байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи тарафайн дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонад, мусоидат менамояд. Ӯ қайд намуд, ки қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фуруши маводи мухаддир бадастовардашуда, аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода бурда мешаванд.
Ҳамаи ҷузъиёти таҷҳизот тавассути Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА маблағгузорӣ шудааст, ва чунин грантҳо барои иҷрои ӯхдадориҳои давомдори ИМА баҳри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Аз соли 2006 ин ҷониб, Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА зиёда аз 155 млн. доллари ИМА-ро барои таҷҳизот, омӯзиш ва инфрасохтор, ки ба таҳкими худкифоӣ, қудрат ва самаранокии фаъолияти мақомоти соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ҷудо намудааст.