Изҳороти Котиби давлатӣ Помпео ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон

Департаменти Давлатии ИМА 
Идораи сухангӯи департамент
Барои нашри фаврӣ 
5 майи соли 2019

Ман, аз номи Департаменти Давлатии ИМА, беҳтарин орзуҳои худро ба ҷамоатҳои мусулмонони кишвари мо ва саросари ҷаҳон ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон баён мекунам.

Барои аксари мусулмонон ин моҳ замоне барои тамаркуз ба рушду нумӯъи рӯҳӣ, меҳрубонию устуворӣ, меҳру шафқат ба онҳое, ки камтар хуштолеъ ҳастанд ва ҳамоҳангӣ миёни ҷамоатҳои гуногун аст. Дар Иёлоти Муттаҳида масҷидҳо ва манзилҳои зиёде дӯстону ҳамсоягони дину боварҳои гуногунро бо мақсади муттаҳид шудан зери арзишҳои муштараки амрикоии баробарӣ ва хайру саховат пазиройӣ мекунанд.

Давоми моҳи гузашта, ҳамлаҳо ба маконҳои ибодати ҳар се дину бовари иброҳимӣ анҷом шуд ва мушкилиҳои ҷиддӣ барои иҷрои ибодати озод дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад. Ҳукуматҳо ва шаҳрвандон ба наҳви беҳтарин, тавассути ҳамкории якҷоя баҳри пешбурди озодии динии ҳамагон метавонанд бо нафрате, ки ин ҳамлагаронро ангезиш медиҳад, муқобила кунанд. Моҳи Рамазон ба ҳамаи мардумони дину боварҳо ва аслу насаби гуногун аҳамияти шафқати муштарак, эҳтирому дастгирии якдигарро хотирнишон мекунад. Тавассути ифтори ҳаррӯза ва бо ҳам тановул кардани ғизо дар моҳи Рамазон алоқаю робитаи ҷамоатҳо фаъолтар ва хадамоти иҷтимоӣ қавитар мешавад. Дар ин рӯҳия, мо масъулияти муштараки худро барои якдигар, новобаста ба дину эътиқод намоиш медиҳем ва кӯшиш мекунем, ки беҳтарин ҷиҳату хислати шахсияти худро зоҳир намоем.

Бисёрии сафоратхонаҳо ва консулгариҳои мо дар саросари ҷаҳон маросими ифтор баргузор мекунанд, ки мояи аслии дипломатияи моро инъикос намуда, ҷонибдории моро аз озодии динӣ, пазиришу эҳтиром нисбати ҷамоатҳои мазҳабӣ ва ҳамкорӣ барои сулҳу осоиштагӣ тақвият мекунад.

Бо фарорасии ин моҳи шариф ба ҳамаи мусулмонон Рамазони кариму муборак орзу мекунам.

###

Ин тарҷума ҳамчун як нуктаро таъмин карда мешавад ва танҳо манбаи аслии англисӣ бояд ба таври мӯътадил баррасӣ карда шавад.