Душанбе, Тоҷикистон, 4 майи соли 2018 – 3-юми май Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳенри С. Эншер ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ташриф овард. Дар конфронс ӯ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарӣ ва ташаббус ҷиҳати баргузории конфронси сатҳи олӣ оид ба мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез сипосгузорӣ намуд. Ӯ ӯҳдадории ИМА-ро дар маҳв сохтани гурӯҳҳои террористӣ қайд намуда, таъкид кард, ки муваффақият на танҳо дар ғасби қаламрави ДОИШ, балки дар коҳиш ёфтани даъвати ин гурўҳи террористӣ ба ҷалби аъзоёни нав низ зоҳир мегардад. Ҷаноби Эншер ҳамчунин таъкид намуд, ки бо вуҷуди нигарониҳо аз он, ки комёбиҳо дар ҷанг алайҳи ДОИШ дар Сурия ва Ироқ ба он оварда мерасонад, ки миқдори ҷанговарон дар Афғонистон афзоиш меёбад, Иёлоти Муттаҳида ҳаракати ҷараёни ҷанговаронро аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон, чуноне ки баъзеҳо мепиндоранд, мушоҳида накардааст. Ҷаноби Эншер ҳамчунин дар бораи ҳуҷуми ҳавоии ИМА дар таърихи 5-уми апрел изҳор дошт, ки дар натиҷаи он дар шимоли Афғонистон амири «Вилояти Хуросон» Қорӣ Ҳикматулло кушта шуд. Ин бори дигар аз ҷаҳду талоши Амрико барои нобуд кардани такягоҳҳои ДОИШ гувоҳӣ медиҳад.
Дар хотимаи суханронии худ, ҷаноби Эншер аз таҳлилу таҳқиқотҳои сершумор ёдрас намуда, қайд кард, ки мувофиқи натиҷаҳои ин таҳлилу таҳқиқот, фишору маҳдудиятҳое, ки ҳукумат нисбат ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва динӣ эҷод менамояд, боиси норозигии зиёд байни аҳолӣ мегардад, ки аз ин вазъият гурўҳҳои террористӣ ва гурўҳи «Вилояти Хуросон», истифода мебаранд. Ҳимоя ва пешбарии ҳуқуқҳои инсон ва имкониятҳои шаҳрвандон ба таври осоиштаву сулҳомез, пайравӣ кардан ба эътиқоди динии худ бидуни дахолати ҳукумат, стратегияҳои аз ҳама самаранок маҳсуб меёбанд.
Ба туфайли 26 соли амалҳои мутақобилаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, ҳамкории ин ду кишвар баҳри таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва, ҳамзамон, ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф ва ниҳодҳои демократӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.