Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил

Душанбе, Тоҷикистон, 17-уми апрели соли 2018 – Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба бемории сил ва таъсири он ба саломатии аҳолӣ, Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), тавассути Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил, дар ҳамкорӣ бо шарикони худ – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил ва Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим Рўзи умумиҷаҳонии бемории силро ҷашн гирифтанд.

Ҳар сол дар давоми моҳҳои март ва апрел дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳо бахшида ба бемории сил гузаронида мешаванд, то ки мардум дар бораи ин беморӣ, ки пешгиришаванда ва табобатшаванда мебошад, ва ҳамасола, тақрибан ду миллион нафар аз он ба ҳалокат мерасанд, огоҳии бештар пайдо кунанд. Дар чорабиние, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, кормандони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, шахсоне, ки қаблан бемории силро аз сар гузарониданд, инчунин шаҳрвандони оддӣ иштирок намуданд. Ҳадаф аз ин ҳамоиш, ҷалб намудани таваҷҷўҳ ба пешгирии бемории сил ва роҳ надодан ба доғгузории иҷтимоӣ нисбати одамони гирифтори ин беморӣ мебошад.

Дар маросими мазкур USAID ва шарикони миллии он, саҳми арзандаи пешсафонеро, ки дар мубориза бар зидди бемории сил, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи бемории сил ва дастгирии онҳое, ки аз ин беморӣ ҷабр дидаанд, эътироф намуданд, ки дар байни онҳо духтурон, ҳамшираҳои шафқат, тарғиботчиён ва фаъолони ҷамъиятӣ, ва инчунин ихтиериён аз саросари Тоҷикистон қарор доштанд. Барномаи USAID оид ба назорати бемории сил ғолибони озмуни нимсоларо барои беҳтарин гузоришҳо дар бораи бемории сил, ки дар расонаҳои чопӣ, электронӣ, телевизионӣ ва родио интишор гардиданд, эълон намуд. Чуноне ки маълум аст, ВАО-и маҳаллӣ ва рўзноманигорон дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва коҳиш додани табъиз нисбат ба одамоне, ки ба бемории сил гирифторанд, нақши асосиро мебозанд.

Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, ки дар он хотираи қурбониёни ин бемориро пос медоранд, яке аз чорабиниҳои сершуморе мебошад, ки аз ҷониби Барномаи USAID оид ба назорати бемории сил ва лоиҳаи «Даъват ба мубориза бар зидди бемории сил» дар моҳҳои март ва апрел, дар доираи маъракаи васеи сатҳи миллӣ оиди баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи бемории сил баргузор гардиданд . Дар тамоми Тоҷикистон USAID ва шарикони миллии он, аз ҳашт гушаи амрикоӣ, дар шаштои онҳо рӯҳнамоиҳоро дар бораи бемории сил гузарониданд, ки ҳадаф аз он пешгирии бемории сил дар байни ҷавонон буд. Ғайр аз ин, як қатор мубоҳисаҳо гирди мизи мудаввар баргузор гардидан, ки масъалаҳо вобаста ба дастовардҳои мутахассисон дар соҳаи бемории сил ва таҷрибаҳои лабораторӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд. Инчунин як қатор ярмаркаҳои доруворӣ барои беморон ва аҳли оилаи онҳо дар табобатгоҳҳои бемории сил воқеъ дар Мачитон ва Дегмой, барои маҳбусони маҳбасҳо дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ва инчунин барои шаҳрвандони оддӣ дар бисёр ҷамоатҳо дар саросари кишвар баргузор гардид.

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар татбиқи нақшаи стратегии ҳимояи аҳоли аз бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, хусусан дар фароҳам овардани услубҳои самараноктар ва дастрастари пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил барои ҳамагон, аз ҷумла гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ. Мақсади асосии Барномаи панҷсолаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил, ки 13,2 миллион доллари ИМА арзиш дорад, коҳиш додани бори гарони бемории сил дар Тоҷикистон ва пешгирии шаклҳои ба доруҳои сершумор тобовари бемории сил мебошад. Барнома доираи васеи чорабиниҳоро фаро мегирад, ки омузиши кормандони тиб барои мустаҳкам гардонидани системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ, ва васеъ намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории сил аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Даъват ба мубориза бар зидди бемории сил» боз як намунаи расонидани кўмак аз ҷониби Ҳукумати ИМА барои беҳтаргардонии саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. USAID оҷонсии пешбари Ҳукумати ИМА маҳсуб ёфта, баҳри маҳв сохтани фақри шадид дар саросари ҷаҳон ва мусоидат ба ҷомеаҳои устувор ва демократӣ дар татбиқи иқтидори худ фаъолият менамояд. Кўмаки грантии USAID ба Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан 30 фоизи ин маблағ ба соҳаи тандурустї равона мегардад.

Барои маълумоти бештар дар бораи USAID ва барномаҳои он, лутфан ба сомонаи www.usaid.gov ташриф оваред


Тамос барои матбуот: Насрулло Рамазонов
Мутахассис оид ба корҳои иттилоотию-тарғиботӣ, иртиботот ва сафарбаркунии иҷтимоӣ, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил

Телефон: +992 37 227 36 45/46
Телефони мобилӣ: +992 98 784 00 15
E-mail: nramazonov@projecthope.org