Озмуни лоиҳаҳо дар доираи барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2018-2020

МӮҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ЛОИҲАҲО: 20-уми апрели соли 2018

Сафорати ИМА дар Душанбе даъватеро ҷиҳати супоридани лоиҳаҳо барои иштирок дар барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ дар солҳои 2018-2020 эълон менамояд. Ҳадафи ин барнома таъмин кардани ҷавонони бидуни имконият бо имконияти омӯзиши забони англисӣ ва такмили малакаҳои роҳбарии худ тавассути таълими асосҳои фарҳанги Амрико ва арзишҳои рушди демократӣ ва ҷалб шудан ба фаъолияти шаҳрвандӣ мебошад. Барномаи мазкур мактаббачагони синфи 9-умро аз хонаводаҳои камбизоат фаро мегирад. Барномаи пешниҳоди дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ бояд омӯзиши дусолаи забони англисиро иборат аз ҳадди ақал 180 соати таълимӣ дар сол таъмин намояд. Ин барнома бояд дарсҳои забони англисӣ ва ҳамчунин фаъолиятҳои берун аз синф ва унсурҳои ташаккулдиҳандаро дарбар гирад. Намунаҳои унсурҳои ташаккулдиҳандаи вобаста ба забони англисӣ ва фарҳанги Амрико фаъолиятҳои монанди драма, компютер, рақс, ҳунар, мусиқӣ, бозиҳо, варзиш, сафарҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои махсуси фарҳангӣ ба монанди “Чоруми июл” ва рушди маҳоратҳои роҳбарӣ, эҷоди рӯҳияи кори гурӯҳӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва маҳоратҳои таҳаммулро дар бар мегиранд. Машғулиятҳои пуршиддати тобистонаи Барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ мумкин аст фаъолияти муҳими иловагӣ бошад ва/ё шомили барномаи дусолаи омӯзиши забони англисии донишҷӯ бошад. Ин машғулиятҳои лагери тобистона бояд ҳадди ақал як ҳафта давом кунанд ва ба онҳо ҷалбкунии шарикони англисизабон ва ғайрианглисизабон муҳим мебошад.

Пешниҳоди лоиҳа бояд аз тавсифи хаттии лоиҳа ва тақсимоти муфассали буҷа дар формати Microsoft Excel иборат бошанд.

Буҷa (дар формати Excel) бояд дорои тақсимоти муфассали хароҷотҳо барои барномаи дусола, аз ҷумла таълим, китобҳо/маводҳо, ҳамлу нақл ва ғизои донишҷӯ, идоракунии лоиҳа, фаъолиятҳои сайқали дониш ва ғ. бошад. Ба ҳисоби миёна, харҷҳои як донишҷӯ дар чаҳорчӯби барномаи дусола $1,100 доллари амрикоиро фаро мегиранд. Шумораи пешниҳодшудаи донишҷӯён 25 нафар бар ҳар як лоиҳа мебошад, вале шумораи зиёдтар бо хароҷоти камтар бештар тавсия дода мешавад. Дар оғози барнома донишҷӯён бояд дар синфи нухум бошанд.

Ба хотири қобили қабул будан барои баррасӣ, ҳар як дархосткунанда бояд дар ҳоли ҳозир ба барномаи таълими забони англисӣ ҷалб шуда бошад. Созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ариза пешниҳод намудан ба ин барнома қобили қабул ҳастанд. Таъминкунандагони хадамот аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон барои ариза пешниҳод кардан ҳавасманд карда мешаванд.

Лоиҳа (Excel 642 KB) бояд бо забони англисӣ пешниҳод шавад. Тавсифи хаттӣ ва таксимоти муфассали буҷа бояд дар компютер чоп шуда, на дертар аз 20-уми апрели соли 2018 ба нишонии зерин ирсол гардад:

Қосимова Ситора
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бахши робитаҳои ҷамъиятӣ
Хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A
Душанбе, Тоҷикистон
Тел: (992 37) 229 2322, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050
Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov