USAID лоиҳаи нави “Модари солим, кӯдаки солим”-ро дар Тоҷикистон оғоз намуд

Душанбе, Тоҷикистон, 11-уми марти соли 2021 Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи нави USAID “Модари солим, кӯдаки солим” ҳусни оғоз бахшид. Ин лоиҳаи панҷсола, ки барои амалишавии он 17,3 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон, барои коҳиш додани фавти модарону кӯдакон ва камғизоӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ хоҳад гардид.

Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” дастгирии техникиро ҷиҳати таҳкими тамоми сатҳҳои системаи тандурустии Тоҷикистон таъмин менамояд ва барои таъсир расонидан ба меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафтор дар самти қабули ғизо ва ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, барои мусоидат ба қабули тарзи ҳаёти солим, кӯмак мерасонад.

Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” ба дастовардҳои қаблан ба даст овардаи USAID оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ғизо такя намуда, ба паст намудани сатҳи қадпастӣ дар байни кӯдакони то панҷсола аз 25 то 18 фоиз ва коҳиш додани сатҳи камвазнӣ аз 11 то 6 фоиз, мусоидат хоҳад намуд.  USAID дастгирии иқдомҳоеро, ки ба беҳтар намудани вазъи ғизо дар вилояти Хатлон мусоидат менамоянд, идома медиҳад.

Дар доираи ин фаъолият, USAID баҳогузории фаврии муассиссаҳои тандурустӣ, воситаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро рақамӣ кард, ки он ниёзҳои муассисаҳои тандурустии маҳаллиро баҳогузорӣ мекунад.  Натиҷаҳо ба таҳияи нақшаҳои муфассали фаъолият, кӯмаки техникӣ ва беҳтар намудани қабули қарорҳо дар шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳо ва марказҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ оварда расониданд.  Натиҷаҳо нишон доданд, чӣ гуна рақамисозӣ метавонад ба беҳтар кардани қабули қарорҳо ва, ба ин васила, ба баланд бардоштани сифати нигоҳубини модарону кӯдакони тоҷик, мусоидат кунад.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan