Вохӯрии Сафири ИМА Миллард бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе

Душанбе, Тоҷикистон, 7-уми марти соли 2017 – 6-уми март мулоқоти Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дафтари нави Раиси шаҳр, собиқ қасри Президент доир гардид. Зимни ин мулоқот соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд, минҷумла фаъолияти ҳамкориҳои ду бародаршаҳр – Душанбе ва Боулдер таҳти баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории ин ду бародаршаҳрро таъкид карда, омодагии худро барои давом додани муносибатҳои дуҷониба дар ин ҷода изҳор намуданд.