Душанбе, Тоҷикистон, 4-уми марти соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ, нахустин ҷаласаи Шӯрои навтаъсиси тарақиёти тиҷорати электрониро баргузор намуданд. Зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои донорӣ, муассисаҳои молиявӣ ва ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ гирд омада, ҳадафҳои шӯро ва ояндаи тиҷорати электронӣ, аз он чумла қонунгузории нав оиди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистонро муҳокима карданд.
Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс қайд кард, ки рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои наверо на танҳо барои ширкатҳои калон, балки барои корхонаҳои хурду миёна фароҳам оварда, ба онҳо имкон медиҳад, ки фурӯшу содироти худро афзоиш диханд ва ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд. Ӯ гуфт, ки тиҷорати электронӣ ба аҳолӣ имкон фароҳам меорад, ки аз бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бо хароҷоти камтар маҳсулот ва хидматҳои гуногунро дастрас кунанд. Дар хотима ҷаноби Симмонс илова кард, ки “тиҷорати электронӣ барои Ҳукумати Тоҷикистон низ муҳим аст, зеро он ба рушди иқтисоди шаффоф мусоидат мекунад, соҳибкоронро ба боз шудан ва дур шудан аз иқтисоди пинҳонӣ ҳавасманд менамояд ва дар дурнамо даромади давлатро афзоиш медиҳад”.
Ҷумъахонзода Ҷамшед, раиси Палатаи савдо ва саноат қайд кард, ки тиҷорати электронӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёт дар Тоҷикистон шуда истодааст ва бозори фурӯши маҷозӣ (онлайн) бо суръати азим меафзояд ва аз рӯи пешгӯиҳо, боз ҳам зудтар рушд хоҳад кард. Вай инчунин изҳори умедворӣ кард, ки “шӯрои рушди тиҷорати электронӣ як платформаи муҳими ҷамъиятӣ барои муколама хоҳад шуд, ки дар он диққати асосӣ ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба пешрафт ва рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад“.
Дар хотимаи мулоқот, ҳамаи иштирокчиён дар бораи аҳамияти тавсеаи ҳамкории ҷонибҳои манфиатдори тиҷорати электронӣ, аз ҷумла ҳукумат, донорҳо ва иштирокчиёни бахши хусусӣ ба мувофиқа расиданд. Онҳо инчунин нақши шӯроро дар мусоидат ба муколамаи бахши хусусӣ ва давлатӣ барои рушди экосистемаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон, ки корхонаҳои хурду миёнаро дастгирӣ мекунад, қайд карданд.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан ба сайти зерин муроҷиат кунед: https://www.usaid.gov/central-asia-regional, саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia ва саҳифаи лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ дар Facebook: https://www.facebook.com/FGICentralAsia.