Сафортаи ИМА маҷмааи нави таълимии арзишаш 1,3 миллион доллари ИМА-ро дар Фахробод тақдим намуд

Душанбе, Тоҷикистон, 22-юми феврали соли 2018 – Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт, Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва дигар намояндагони ҳайати фармондеҳӣ дар маросими супоридани бинои муҷаҳази нави таълимии ҳарбии қушунҳои мобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 1.3 миллион доллари ИМА дар Фахробод иштирок намуданд. Ин маҷмааи муосир аз се бино иборат аст, ки дар он синфхонаҳо, ошхона, хобгоҳ ва ҳуҷраҳое, ки ҳолати гигиениро барои 200 афсар таъмин менамоянд, ҷойгиранд.

Дар охири соли гузашта Президент Трамп Стратегияи амнияти миллии ИМА-ро эълон кард, ки дар он нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм қайд карда шудааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар роҳи дастгирии истиқлолият, амният ва субот дар минтақа содиқ мемонад.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 26 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои кӯмак ва татбиқи барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ҷудо намудаанд.