Питер Райли ба мақоми роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон савганд ёд кард

Душанбе, Тоҷикистон, 6 декабри соли 2021 — Дар маросими расмӣ, ки дар Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Вошингтон баргузор шуд, ҷаноби Питер Райли ба ҳайси нахустин директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон дар ҳузури Роҳбари USAID Саманта Пауэр савганд ёд кард.

Роҳбари USAID Пауэр қайд кард, ки ҷаноби Райли «тамоми қувват ва малакаи худро ба роҳбарии USAID/Тоҷикистон равона хоҳад кард, зеро ӯ барномаи калонтарини дуҷонибаро дар Осиёи Марказӣ идора мекунад ва нақши USAID -ро ҳамчун шарики боэътимоди мардуми тоҷик тақвият медиҳад».

Ҷаноби Райли ҳангоми ба кор шурӯъ кардан ӯҳдадор аст, ки шарикии ИМА ва Тоҷикистонро таҳким намояд ва ба мардуми Тоҷикистон барои зиндагии шукуфон кумак кунад.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм, ки аз ш. Душанбе дар ин чорабинӣ ба таври маҷозӣ ширкат дошт, қайд кард, ки «таъини аввалин директори доимии намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва таъсиси намояндагии дуҷонибаи USAID дар Душанбе аз садоқати дарозмуддати мо нисбат ба мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад».

Ҷаноби Райли корманди хадамоти хориҷии USAID буда, дорои таҷрибаи беш аз 30-сола дар рушди байналмилалӣ мебошад. Пеш аз ин вазифа ҷаноби Райли ҳамчун директори USAID дар Тунис; директори шӯъбаи рушди иқтисодӣ ва инфрасохтори миссияи USAID дар соҳили Ғарб/Ғаза, директори шӯъбаи идоракунии замин ва муҳити зисти USAID дар Колумбия ва мушовири калони устуворсозии USAID дар Афғонистон кор мекард.

Пеш аз дохил шудан ба хадамоти хориҷӣ ҷаноби Райли ба ҳайси мушовири калони минтақавӣ оид ба Африқо дар идораи рафъи офатҳои табиӣ дар Найроби, Кения ва роҳбари лоиҳаҳои аз ҷониби USAID маблағгузоришуда дар Шохи Африқо, Либерия ва Уганда кор кардааст. Ҷаноби Райли ҳамчунин дар Урдун, Хорватия, Эфиопия, Ботсвана, Гамбия ва Чад кору зиндагӣ кардааст.

Ҷаноби Райли зодаи Массачусетси Ғарбӣ буда, дараҷаи бакалаври санъат дорад. Вай дорои дараҷаи коллеҷи Ҳарвард ва дараҷаи магистр аз мактаби ҳуқуқ ва дипломатияи Флетчер мебошад. Ҷаноби Райли фаъолияти худро дар соҳаи рушди байналмилалӣ ҳамчун ихтиёрӣ дар Корпуси сулҳи ИМА дар Нигер оғоз кардааст.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ дастрас аст.