PEPFAR ва USAID барномаи нави ВНМО/БПНМ-ро дар Тоҷикистон оғоз намуданд

Душанбе, Тоҷикистон, 16 сентябри соли 2020 – Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА оид ба рафъи БПНМ (PEPFAR) ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи нави панҷсолаи мубориза бо ВНМО/БПНМ-ро дар Тоҷикистон оғоз намуданд. Лоиҳаи «Дастоварди мақсадҳо ва идомаи чораҳои назорати эпидемия» аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии Family Health International дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои Palladium ва Gobee Group амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи «Дастоварди мақсадҳо ва идомаи чораҳои назорати эпидемия» ин ташаббуси ҷаҳонӣ буда бевосита кӯмаки техникии стратегӣ ва хизматрасонии тиббиро барои ноил шудан ба назорати эпидемияи ВНМО ва беҳтар намудани ташхис, пешгирӣ, табобат ва паст кардани сарбории вирусӣ таъмин менамояд.

Дар Тоҷикистон, фаъолиятҳои лоиҳа дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ва ташкилотҳои маҳаллии ҷамъиятӣ хизматҳои ВНМО-ро дар сатҳи фарогирӣ, сифат, самаранокӣ ва таъсирбахшӣ васеъ менамояд. Лоиҳа ба аҳолии калидӣ, ки хавфи бештари сироятшавӣ ба ВНМО доранд, равона карда мешавад.

PEPFAR ва USAID бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти дастгирии татбиқи ин барномаи ВНМО тавассути пешгирӣ, табобат ва нигоҳубини бештарии самаранок вобаста бо ВНМО кор мебаранд.

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia.