Маросими тақдими катҳо ба бемористони ноҳияи Панҷакент

Панҷакент, Тоҷикистон, 10 апрели соли 2017 – Рузи душанбе Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ва муовини Раиси ноҳияи Панҷакент Парвиз Шодизода дар маросими тақдим намудани 50 адад кат ба беморхони касалиҳои руҳӣ, ки дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд қарор дорад, иштирок намуданд.

Ҳукумати ноҳияи Панҷакент дар ҳамкорӣ бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумаки зеринро дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи Рушди ноҳияи Панҷакент омода намудааст. Ин беморхона барои ноҳияи Панҷакент афзалиятнок аст ва ба ҷомеа хизмати бузург мерасонад. Ташкилоти ғайридавлатии Амрико “Спирит” (“Руҳ”) саҳми саховатманди худро барои таъмин намудани беморхона бо 50 адад кат гузоштааст. Баланд бардоштани иқтидори беморхона ба он имконият медиҳад, ки ба шумораи бештари беморон дар дохили ноҳияи Панҷакент ва ноҳияҳои ҳамсоя хизмат расонад.

Лоиҳаи зерин шаҳодати идомаи ҳамкорӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон мебошад, ки моҳи феврали соли 2017 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд.