Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида

Kamala D. HarrisНоиби президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Камала Д. Ҳаррис

Барои мардум фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешравӣ дар касбу кор: бартараф кардани монеаҳо ва мубориза бурдан барои манфиатҳои оилаҳои коргар.

Камала Д. Ҳаррис ноиби президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ў пас аз фаъолияти тўлонӣ дар хизмати давлатӣ ба мақоми ноиби президент интихоб гардид. Ќаблан, ў ба ҳайси прокурори минтақавӣ дар шаҳри Сан-Франсиско, прокурори генералии иёлати Калифорния ва сенатори Иёлоти Муттаҳида, ифои вазифа намудааст.

Ноиби президент Ҳаррис дар Окланди иёлати Калифорния дар оилаи муҳоҷирон таваллуд шудааст. Волидонаш аз Ҳиндустон ва Ямайка муҳоҷират кардаанд. Ў Донишгоҳи Ҳарвард ва Коллеҷи ҳуқуқшиносии Ҳастингси Донишгоҳи Калифорнияро хатм кардааст.

11 августи соли 2020 Камала Д. Ҳаррис даъвати президент Ҷо Байденро барои ишғол намудани мақоми ноиби президент ва расонидани кӯмак дар муттаҳидсозии миллат, қабул кард. Ў аввалин зан, аввалин амрикоии сиёҳпӯст ва аввалин амрикоӣ аз аслу насаби Осиёи Ҷанубист, ки ба мақоми ноиби президент ноил гардидааст, ба ҳамон тавре ки дар дигар мансабҳо ифои вазифа намудааст. Аммо ў тасмим гирифтааст, ки дар ин комёбиву дастовардҳояш мутаваққиф нахоҳад монд.

Тарҷумаи ҳолро пурра хонед