Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида

Энтони Ҷ. Блинкен
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Энтони Ҷ. Блинкен ба ҳайси 71-уми котиби давлатии ИМА 26 январи соли 2021 савганд ёд кард.

Ӯро Президент Байден 23 ноябри соли 2020 ба ин мақом пешбарӣ кардааст, 26 январи соли 2021 таъини Энтони Ҷ. Блинкен ба мақоми котиби давлатӣ аз ҷониби Сенати ИМА тасдиқ гардидааст ва фардои он рўз ў дар назди ноиби президент Камала Ҳаррис савганд ёд кардааст.

Дар тӯли се даҳсола ва се маъмурияти президент, ҷаноби Блинкен дар ташаккули сиёсати хориҷии ИМА иштирок кардааст, то манфиатҳои ИМА-ро ҳифз кунад ва барои беҳбудии мардуми Амрико хизмат кунад. Ў аз соли 2015 то 2017 ба ҳайси муовини котиби давлатӣ, ҳангоми маъмурияти президент Барак Обама ва, қабл аз он, ба ҳайси муовини асосии мушовири амнияти миллӣ дар назди Президент Обама ифои вазифа намудааст. Дар ин мақом, ҷаноби Блинкен кумитаи байниидоравии муовинони сардори идораҳоро роҳбарӣ мекард. Кумитаи байниидоравии мазкур ҳамчун форуми асосӣ барои матраҳ намудани сиёсати хориҷии маъмурияти президент хизмат мекард.

Дар давраи аввали маъмурияти Президент Обама, ҷаноби Блинкен ба ҳайси мушовири амнияти миллӣ дар назди ноиби президенти он вақта Ҷо Байден буд, ки аз идомаи муносибатҳои тӯлонии касбӣ далолат мекунад. Ин муносибатҳои касбӣ ҳанўз дар соли 2002 оғоз ёфтанд, вақте ки ҷаноби Блинкен ба фаъолияти шашсолаи худ дар вазифаи мудири ситоди Ҳизби демократӣ дар Кумитаи равобити хориҷии Сенати ИМА шурўъ карда буд. Дар он замон, аз соли 2001 то 2003 ва пасон аз соли 2007 то 2009 сенатор Байден раиси ин кумита буд.

Дар давраи маъмурияти Клинтон, ҷаноби Блинкен узви дастгоҳи Шӯрои амнияти миллӣ буд ва дар айни замон дар давоми ду сол ба ҳайси мудири аршад дар умури Аврупо, мушовири асосии президент дар умури кишварҳои Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО кор кардааст. Ў инчунин дар муддати чаҳор сол ба ҳайси суханнависи аосии Президент Клинтон роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ кор кардааст ва гурӯҳи банақшагирии стратегии Шўрои амнияти миллиро роҳбарӣ намудааст.

Хизмати давлатии ҷаноби Блинкен дар Департаменти давлатӣ оғоз ёфтааст. Аз соли 1993 то 1994, ӯ ёрдамчии махсус дар идорае ифои вазифа менамуд, ки он замон Бюрои умури Аврупо ва Канада номида мешуд. Ҳоло ӯ ифтихор дорад, ки Департаменти давлатиро роҳбарӣ мекунад – идорае, ки дар он фаъолияти меҳнатиашро дар хизмати давлатӣ қариб 30 сол пеш оғоз карда буд.

Ба ғайр аз хизмати давлатӣ, ҷаноби Блинкен дар бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рўзноманигорӣ фаъолият кардааст. Ў яке аз муассисони ширкати байналмиллалии машварати стратегӣ «WestExec Advisors» ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти он ба геополитика ва амнияти миллӣ нигаронида шудааст. Ў дар муддати солҳои 2001 ва 2002 ба ҳайси корманди аршади илмӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ кор кардааст. Ҷаноби Блинкен, қабл аз шурўи хизмати давлатӣ, дар Ню-Йорк ва Париж ҳамчун ҳуқуқшинос фаъолият намудааст. Ғайр аз ин, ў ҳамчун хабарнигор барои маҷаллаи «The New Republic» кор кардааст ва муаллифи китоби «Шарик алайҳи шарик: Амрико, Аврупо ва бӯҳрони хатҳои лӯлаи Сибир» мебошад (Нашриёти «Прэгер», 1987).

Ҷаноби Блинкен дар мактаби ибтидоӣ ва мактаби миёна дар шаҳри Париж таҳсил карда, бо баҳои баланд мактабро хатм намуд. Ӯ дорои дараҷаи бакалавр дар риштаи забони фаронсавӣ мебошад. Ў хатмкардаи Коллеҷи Ҳарвард ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Колумбия мебошад. Ҷаноби Блинкен ва ҳамсараш Эван Райан соҳиби ду фарзанд мебошанд.